Воҷибот дар намоз

4

Вочитоб дар намоз. Вочибхои намоз. Дар ин мақола Вочиботи намозхо оварда мешаванд. Хотиррасон мешавем, ки мо Тарзи хондани Намозҳои панҷвақтаро дар ин мақолаҳо қадам ба қадам бо расмҳо нишон додем, ки воҷиботи намозро низ дар бар мегиранд: Намозҳои Панҷвақта<<

намози хуфтан картинка

Воҷиботи намоз инҳо мебошанд:

  1. Хондани сураи “Фотиҳа” (алҳамд).
  2. 3амми сура бар сураи “Фотиҳа” (як ояти дароз ё се ояти кӯтоҳ).
  3. Таъини қироат дар ду ракаъат аз фарз.
  4. Тақдими сураи “Фотиҳа” (яъне пеш хондани он бар замми сура)
  5. Қаъдаи уло (аввал) дар намозҳои 3 – ракаъата ё чор ракаъата (баъди ду ракаъати аввал нишастанро қаъдаи уло гӯянд).
  6. Хондани “ташаҳҳуд” (аттаҳиёт) ҳам дар қаъдаи уло ва ҳам дар қаъдаи оҳир.
  7. Лафзи “салом” (ҳангоми хориҷ шудан аз намоз ассалому ъалайкум гуфтан).
  8. Хондани дуои “қунут” дар намози витр.
  9. Такбироти идайн (иди Рамазон ва иди Қурбон).
  10. Ором гирифтан дар аркони намоз.
  11. Баланд қироат намудани имом дар фарзҳои намози субҳ ва ҷумъа, ду ракаъати аввали намозҳои шом ва хуфтан, идайн, таровиҳ ва витр дар моҳи рамазон. (Аммо барои шахси танҳогузор мухаййар аст паст ё баланд хонад).
  12. Паст қироат намудан дар намозҳои пешин, аср, як ракаъати охири намози шом ва ду ракаъати охири намози хуфтан.

Ҳукми воҷиботи зикршуда ин аст, ки агар қасдан тарк шавад, бояд намозро аз нав адо намояд, вале агар аз рӯи саҳв тарк шаванд, ба овардани саҷдаи саҳв намоз дуруст мегардад.

Боқӣ амалҳои намоз ба истиснои фарзҳо ва воҷиботе, ки зикр шуд, баъзе суннат ва баъзе мустаҳабанд.

Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.

Дигар маводҳо:


вочиботи намоз, дар намоз чанд вочиб аст, вочиб намоз.

Мақолаи қаблӣ12 фарз дар намоз (Фарзҳои НАМОЗ)
Мақолаи баъдӣСуннатҳои намоз

4 ШАРҲ

  1. Оë Зино тахоратро мешиканад? Намоз хондан раво Нест харчан гусли бадан Карда бошад зинокор?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед