1. Вақте Роналдо ба дунё омад модараш хост, ки ба ӯ Криштиану ном ниҳад , аммо падараш, ки мухлиси ашадии актёри амрикоӣ ва 40-умин президенти Амрико – Роналдо Рейган буд, ба ҳамин хотир писарашро Роналдо ном гузошт. Ҳамин тавр, номи пурраи футболист “Cristiano Ronaldo dos Santos Aveiro” мебошад.
2. Роналду дар ҳоле ки аз клуби португалии Спортинг ба клуби англисии Манчестер Юнайтед гузариш намуд, хост, рақами 28 ро ба худ гирад, чунки ӯ дар клуби Спортинг бо ин рақам бозӣ мекард. Аммо сармурабии тими МЮ Фергюсон малакавау маҳорати футболистии Роналдоро ба инобат гирифта, рақами 7-ро лоиқи ӯ донист ва аз он замон то ҳол Роналдо бо ин рақам дар ҷаҳон ҳамчун беҳтарин футболбоз машҳур гардидааст. Инчунин Роналдо бо рақамҳои 17 ва 9 низ вориди майдон гардидааст.
3. Роналдо аввалин футболбози португалӣ дар таърихи тими футболи МЮ ба ҳисоб меравад.

4. Дар зодгоҳи Роналдо шаҳри Фуншали Португалия осорхонае бо номи футболист аз тарафи худи Роналдо кушода шудааст. Дар осорхона тамоми ҷому медалҳо, тӯби тиллоии ӯ ва умуман ҳамаи он муваффақиятҳое, ки ӯ аз риштаи футбол ба даст овардааст гирд оварда шудаанд. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори Португалия ва дигар мамлакатҳо мухлисони ашадии ӯ ба осорханаи футболбоз ташриф меоранд.
5. Ягона футболбозе, ки дар як мавсим дар тамоми дастаҳои футболи Ла Лигаи Испания аввалин шуда гол задааст ин Роналдо мебошад. Роналдо аввалин шуда ин рекордро дар таърихи футбол гузоштааст.
6. Роналдо ва Месси ҳамагӣ 34 (2017) маротиба дар майдони футбол бо ҳам вохӯрдаанд, ва дар ин вохуриҳо Мессии дастон 20 гол ва Роналдо 18 гол вориди дарвозаи рақиби худ намудааст.
7. Дар тамоми фаъолияти футболбозияш Роналдо ҳамагӣ 7 маротиба корти сурх гирифтааст, ба охирини он дар бозии Лигаи Қаҳрамонҳо, ки Ювентус муқобили Валенсия бозӣ мекард соҳиб шудааст.
8. То моҳи феврали соли 2018 дар таърихи фаъолияти футболистии Ронало ҳамагӣ 99 дубл ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1-то дар дастаи Спортинги Португалия, 25-то дар МЮ-и Англия ва 73-тои дигарашро дар Реал Мадриди Испания ба ҳадаф расонидааст.
Хаёти Роналдо, фактхо аз Роналдо, Криштиян Роналдо бо забони точики.


