Ҳар субҳ ба варзиш машғул шудан ба инсон неруи тоза бахшида, қувваи ӯро давоми рӯз дучанд мегардонад. Ин аст, ки мутахассисон пайваста машқ намуданро сабаби асосии дарозумрӣ ва ҳаёти солим меноманд. Барои ин шарт нест ба варзиши вазнин гаравед. Сомонаи Donish.su ба Шумо машқҳои содаеро пешкаш менамояд, ки мутахассисон тавсия медиҳанд. Метавонед, ҳар субҳ ин гуна машқҳои одӣ анҷом дода, ҷисму руҳатонро солим нигоҳ доред.

1. Давидан
Ҳар субҳ давоми 10-15 дақиқа ба давидан машғул шавед. Оҳиста-оҳиста масофаи дав ва вақтро зиёд намуда метавонед. Ин яке аз намудҳои одӣ ва хеле муфиди варзиш ба ҳисоб меравад. Давидан гардиши хунро дар бадан хуб намуда, узвҳои танатонро “бедор” менамояд.
2. Машкҳо барои “бедор кардан”-и бадан.
Агар имконияти давиданро надоред, пас боке нест. Метавонед аз хона набаромада, машқҳои одиеро ба монанди инҳо анҷом диҳед:
• паридан дар ҷой;
• ба тарафҳо хаму рост намудани миён;
• ба тарафҳо хаму рост кардани сар;
• тоб додани дастҳо;
• зуд-зуд дастро аз ҳолати мушт ба ҳолати панҷа ва баръакс иваз кардан;
• нишастану бархостан ва дигар тамринҳои сода;
3. Роҳгардӣ
Агар на давидан мехоҳед ва на машқҳои осонеро ки номбар кардем, иҷро намудан, пас субҳгоҳон каме пиёда роҳ равед. Шояд ҳайрон шавед, вале мутахассисон инро ҳолати омоданамоии бадан меноманд. Барои гардиши хунро хуб намудан, каме пиёда роҳ равед. Дар аввал ин ба Шумо мушкил менамояд, аммо баъд аз чанд дақиқаи ҳаракат ҳатто хоҳиши давидан дар дилатон пайдо хоҳад шуд.
Варзишро аз содатарин намудҳо шуруъ кунед, баъд аз муддати кутоҳ дар ҳаётатон дигаргуниҳои ҷолибро хоҳед дид. Яке аз онҳо шавқи бештар пайдо кардан ба варзиш аст.


