Дар ин мақола маълумот дар бораи бузкашӣ, таърихи бузкашӣ, тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ ва дигар маълумотҳо оварда шудаанд.
Бузкашӣ, кубкорӣ, човандозӣ, яке аз навъҳои варзиши миллӣ, ки аз қадимулайём дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Бузкашӣ бо асп (дар гузашта дар баъзе минтақаҳо бо хар низ) баргузор мешавад. Дар гузашта Бузкашӣ бештар дар фасли зимистон ва ё ба муносибати ҷашне, бахусус Наврӯз баргузор мегардид. Дар замонҳои пеш шахсони сарватманд ҳангоми хатнасур, гоҳе дар ҷашни арусӣ низ Бузкашӣ барпо мекарданд.
Тарзу усул ва қоидаҳои Бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб ҳамгун аст. Нахуст майдони баргузории мусобиқа интихоб мешавад. Саворон ё худ чапандозҳо (теъдоди онҳо то 150 нафар ва бештар аз ин ҳам мешавад) ба ин майдон ҳозир мешаванд. Баъд як аспсавор буз ё баъзан гӯсолаи сарбуридаро дар нуқтаи муайяне ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон ба гирифтани буз мешитобанд ва Бузкашӣ сар мешавад. Дар Бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта ба марра (тақрибан 300-500 метр) бурда расонад.
Чапандозе, ки аз миёни анбӯҳи рақибон бузро ба марра расондааст, ҳатман соҳиби ҷоиза мешавад. Ин ҷоиза метавонад ашё ё матои арзишманду гаронбаҳо бошад, ба мисли ҷомаву қолӣ, гусфанду гову шутур (дар замони муосир аз телевизор то автомобил) ва ғайра. Ҳангоми Бузкашӣ бо чилбур ё ресмон ба қоши зини асп бастани пои буз мамнӯъ аст. Бузкашӣ ба вижа дар Афғонистон хеле маҳбубият дорад. Ҳукумати ин кишвар Бузкаширо расман чун ҷузви варзиши аслӣ эълом дошта, дар пойтахт – Кобул майдонеро низ ба таври хос барои ин бозӣ ихтисос додааст. Бузургтарин маросими Бузкашӣ дар Афғонистон дар рӯзи зодрӯзи шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ (асри 20) доир мегардид. Баъдан ин маросими пуршукӯҳ ҳарсола дар рӯзи СММ баргузор мегашт.
Дар Бузкашӣи Афғонистон ба воситаи суруд ташвиқ намудани бузкашон хеле маъмул шудааст. Ҳангоми Бузкашӣ сарояндае дар он ҷо ширкат намуда, номи саворкор (бузкаш), пулдичанда, шахсияти маъруфро гирифта, дар қолаби тарона ӯро ситоиш мекунад. Бо навбат саворон, тарафдорон ва мухлисони онҳо ба сароянда маблағе медиҳанд ва сароянда дар раванди таронасароӣ бадоҳатан номи онҳоро дар матн ворид намуда, онҳоро тавсиф менамояд.
Соли 1957 дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе) Бузкашӣ ҳамчун намуди мустақили варзиш ба расмият дароварда шуд. Чапандозони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба Бузкашӣ фаъолона ширкат намуда, 14 бор ҷойи аввал, як бор ҷойи дуюм (1976) ва як бор ҷойи сеюм (1977)-ро соҳиб шудаанд.
Солҳои 1998-2001 намояндагони якчанд давлати Осиёи Марказӣ барои ҳамчун намуди варзиш ба сатҳи байналмилалӣ баровардани Бузкашӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. 10 ноябри 2001 дар шаҳри Бишкек бо ташаббуси ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон Федератсияи байналмилалии кок-бору ташкил карда шуд, ки баъдтар Федератсияи байналмилалии кок-бору ва пойга ном гирифт. Ҳоло ба он 11 давлати ҷаҳон дохиланд (2013). Мусобиқаҳои кок-бору (бузкашӣ) ва пойга аз рӯйи қоидаҳои байналмилалӣ баргузор мегардад. Федератсияи кок-боруи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри 2001 таъсис ёфта¬аст ва аз 27 ноябри 2007 бо номи Федератсияи кок-бору ва пойгаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ҳоло федератсияи мазкур ғайр аз Бузкашӣ ду намуди пойга: пойгаи равон (бемонеа) ва пойгаи монеадорро инкишоф дода истодааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кок-бору ва пойга дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон, Хитой, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Дар рӯзҳои мо Бузкашӣ ба муносибати идҳои гуногуни умумихалқӣ ташкил карда мешавад.
Бузкаши (човандози) – варзиши миллии точикон, таърихи бузкаши ва човандози дар точикистон, бузкаши таджикистан.