Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 10
فَاَنۡتَ عَنۡهُ تَلَهّٰى ١٠
Фа анта ъанҳу талаҳҳа. 10.
10. Пас, ту аз вай рӯ мегардонӣ (ва ба дигаре машғул мешавӣ).
Эй ҳабиби Ман (с), ту аз таваҷҷуҳи он касе, ки худотарсу ботақвост ва бо шавқи дил бо зикри Худо ба сӯйи ту мешитобад, худдорӣ мекунӣ? Валлоҳу аълам.
Худованд Расулаш (с)-ро амр фармуд, ки байни шарифу заиф, фақиру ғанӣ, сайиду обид, калону хурд ва марду зан касеро хос накунад. Худованд касеро, ки хоҳад, ба сӯйи роҳи Худ ҳидоят мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «