Зиндагӣ ончунон гуногун ва печдарпеч аст, ки баъзеҳо аз он нола мекунанду баъзеи дигарон аз он ризоянд. Баъзеҳо бо ҳаракату талошҳояшон ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасанду қисми дигар дар фикри расидан ба ин қуллаҳо мебошанд.
Стив Ҷопс яке аз нафаронест, ки аз оилаи камбизоат ба дунё омада, бо кӯшишу заҳматҳояш тавонистааст, то номи худро дар таърихи ҷаҳон боқӣ гузорад. Ӯ аз нафаронест, ки бо маълумоти миёна ҳамчун яке аз шахсиятҳои муваффақтарини ҷаҳон шинохта шудааст. Сирри муваффақ шудани Стив Ҷопс дар он аст, ки ӯ аз хӯрдӣ завқу рағбати зиёд барои сохтани чизе доштааст ва пайваста кӯшиш мекард , то чизи хостаашро пешниҳоди дигарон намояд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар синни 12 солагӣ бо директори ширкати HP сӯҳбат мекунаду аз он замон пайваста ба сохтани техникаву технология шуруъ мекунад. Дар ин ҷо мо хостем, чанд маълумот аз ҳаёти ӯ пешниҳоди Шумо гардонем.

Стив Ҷобс соли 1955 дар шаҳри Сан Франсискои Амрико ба дунё омадааст.
Номи Стив Ҷобс ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Барои он ки ӯ аз ҳама маоши камтаринро дар ҷаҳон мегирифтааст. Мувофиқи сарчашмаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ маоши солонаи ӯ ҳамагӣ 1 долларро ташкил медодааст.
Ҷобс худнамоишдиҳиро нағз намедидааст. Аз ин рӯ, қариб 90%-и коргарони ширкати Apple ҳеҷ гоҳ ӯро надидаанд.
Стив Ҷобс маълумоти олӣ надорад. Ӯ аз сабаби мушкилоти оилавии волидайни худ маҷбур мешавад, ки колеҷро тарк кунад.
Дар синни 12 солагиаш мехост, ки чизеро созад ё ягон чизи нав ихтироъ кунад. Ӯ бо директори ширкати HP (Hewlett-Packard) – Бил Хюлет телефонӣ муддати 20 дақиқа сӯҳбат карда, мақсадашро мефаҳмонад ва фаъолияти кориашро аввалин маротиба дар синни 12 солагиаш дар ширкати HP оғоз мекунад.
Падари асосии ӯ аз мусулмонони Сурия будааст ва дар хӯрдӣ писарашро тарк кардааст. Аммо Стив Ҷобс парастишкунандаи дини буддоӣ будааст . Вақте Ҷобс машҳур мешавад, падари аслиаш ба наздаш баргаштан мехоҳад, аммо ӯ падарашро дигар қабул накардааст.
Аз сабаби оне, ки андозаи пойҳояш калон будаанд, Ҷобс ҳамеша пояфзолҳои фармуда мепӯшидааст. Андозаи пойи ӯ 48 мебошад.
Ширкати Apple – ро натанҳо Стив Ҷобс, балки ӯ дар якҷоягӣ бо Стив Возняк ва Роналд Уейн дар соли 1976 сохтаанд.
Меваи дӯстдоштаи ӯ себ мебошад ва мувофиқи баъзе сарчашмаҳо ӯ гушт тамоман намехӯрдааст.
Стив Ҷобс 5 – октябри соли 2011 дар синни 56 солагӣ аз касалии саратон вафот кардааст.
Стив Чобс, муваффакият, Асосгухори ширкати apple.



Номи маърузаро иваз кун бародар
Яъне чӣ хел, бародар?