Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 34
يَوۡمَ يَفِرُّ الۡمَرۡءُ مِنۡ اَخِيۡهِ ٣٤
Явма яфирру-л-мар-у мин ахӣҳ. 34.
34. Рӯзе, ки мард аз бародари худ бигрезад.
Он рӯзест бисёр боҳайбат ва даҳшатнок. Ҳар кас бо худ овора, ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас коре надорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бузургтарин муҳаббат ва дӯстӣ байни мардҳо ин муҳаббати бародарон аст. Қиёмат чунон даҳшат аст, ки ҳатто мард аз бародари худ дар гурез мешавад. Сабаби ин гурехтан дар шарҳи оятҳои минбаъда маълум мегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «