Маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ тавр нигоҳ дошта мешавад?

0

Асосан, мо хӯрокиро дар намуди асл, яъне табиӣ истеъмол мекунем. Бисёрии онҳо ба зудӣ вайрон мешаванд, чунки бактерияҳо, равшанӣ ва ҳаво ба он таъсири ҳалокатовар мерасонанд.

Ҳоло бештар маҳсулоти хӯроквориро дар ғилофҳои вакуумӣ ҷойгир мекунанд, яъне тариқи беҳаво гардонидан онро аз вайроншавӣ эмин нигоҳ медоранд. Дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар борбасти пластикӣ ва ё коғазхалта печонида мешаванд, то ки онро бо ин роҳ нигоҳ доранд. Маҳсулоти тару тоза, ба мисли гӯшт, моҳӣ ва меваҳо бояд дар давоми як-ду рӯз истифода шаванд.

Боз дигар усулҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ чун хушккунӣ ва дар намак хобондан мавҷуданд. Ҳангоми хушккунӣ маводи ғизоиро якчанд ҳафта дар офтоб ва ё ҷои бенам мемонанд. Дар ин муддат моеи дар таркиби онбуда бухор мешавад ва маҳсулот хеле вақт вайрон намешавад. Дар намак хобондан (намаккунӣ) асосан, бо истифодаи намак бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши бактерияҳо дар таркиби хӯрок анҷом дода мешавад. Яхдон низ давоми якчанд рӯз барои тару тоза нигоҳ доштани хӯрок кӯмак мекунад.

Маҳсулоти яхкунонидашуда ҳам торафт бештар истифода мешаванд, зеро мо метавонем онро чандин моҳ нигоҳ дорем. Роҳҳои дигари консерв кардан, ба мисли тайёр кардани мармелад ва конфитюр ниҳоят қулай мебошанд.

Мақолаи қаблӣСузиш дар олати занона, сабабҳо ва табобат
Мақолаи баъдӣАтр аз чӣ тайёр мешавад?