Аҳкоми суҳур ва ифтор – шарҳи Чоркитоб

0

Аҳкоми суҳур ва ифтор – шарҳи Чоркитоб. Ахкоми сухур ва ифтор – шархи Чоркитоб.


Мурод аз суҳур таъомест, ки қабл аз субҳ дамидан хурда мешавад ва он чандин фазилат дорад:

1- Ҳукмаш мустаҳаб аст.  Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«تَسَحَّرُوا فَإِنَّ فِي السَّحُورِ بَرَكَةً» (كذا في صحيح البخاري -3/ 29/ 1923–عن أَنَسَ)

“Суҳур таъом тановул кунед, зеро дар тановули дар ин вақт баракат аст”.

2- Таъхир кардани суҳур то қабл аз дамидани субҳи содиқ мустаҳаб аст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ яке аз тобеъини бузургвор Абуъатия чунин ривоят кардааст:

“ قُلْتُ لِعَائِشَةَ: فِينَا رَجُلَانِ أَحَدُهُمَا يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُؤَخِّرُ السُّحُورَ،وَالْآخَرُ يُؤَخِّرُ الْفِطْرَ وَيُعَجِّلُ السُّحُورَ، قَالَتْ: «أَيُّهُمَا الَّذِي يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُؤَخِّرُ السُّحُورَ؟»قُلْتُ:عَبْدُ اللَّهِ بْنُ مَسْعُودٍ،قَالَتْ:«هَكَذَا كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَصْنَعُ» (كذا في  سنن النسائي -4/ 144/ 2159 – وحكم المحقق: صحيح).

“Ба ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо гуфтам: Дар байни мо ду марде ҳаст, ки яке аз онҳо дар ифтор кардан шитоб ва дар суҳур хурдан таъхир мекунад ва дигараш дар ифтор кардан таъхир ва дар суҳур кардан шитоб мекунад. Модари муъминон гуфт: Кадомаш дар ифтор кардан шитоб ва дар суҳур хурдан таъхир мекунад? Гуфтам: Абдуллоҳ ибни Масъуд. Модари муъминон гуфт: Пайғамбар (с) низ чунин мекарданд”.

3-Аввалан рӯзаро ифтор карда мешавад ва сипас намози шом хонда мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:

 «كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُفْطِرُعَلَى رُطَبَاتٍ قَبْلَ أَنْ يُصَلِّيَ، فَإِنْ لَمْ تَكُنْ رُطَبَاتٌ، فَعَلَى تَمَرَاتٍ، فَإِنْ لَمْ تَكُنْ حَسَا حَسَوَاتٍ مِنْ مَاءٍ» (كذا في سنن أبي داود -2/ 306/ 2356 عن أَنَسَ.وحكم المحقق:حسن صحيح)

“Пайғамбар (с) бо чанд донаи хурмои тар қабл аз намози шомро гузоридан  ифтор мекард. Пас агар хурмои тар ҳозир намебуд бо хурмои хушк ва агар хушк низ ёфт намешуд бо чанд каф об ифтор мекард”.

4- Фосилаи байни қатъ кардани хурдани таъом ҳангоми суҳур ва  намоз.  Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор Зайд ибни Собит разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“أَنَّهُمْ تَسَحَّرُوا مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،ثُمَّ قَامُوا إِلَى الصَّلاَةِ، قُلْتُ: كَمْ بَيْنَهُمَا؟ قَالَ:قَدْرُ خَمْسِينَ أَوْسِتِّينَ”يَعْنِي آيَةً.(كذا في صحيح البخاري-1/ 119/ 575 –عن زَيْدَ بْنَ ثَابِتٍ)

“Ҳамроҳи Пайғамбар (с) суҳур хурданд ва баъди он барои гузоридани намоз бархестанд. Аз ҳазрати Зайд савол карданд, ки фосилаи замонӣ дар байни қатъ кардани суҳур ва хондани намоз чӣ қадар буд? Вай гуфт: Миқдори хондани 50- 60 оят”.


Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Мақолаи қаблӣВақти нияти руза – Вакти нияти рузаи мохи Рамазон
Мақолаи баъдӣРӯзаи мусофир (шархи Чахор китоб)