Сураи Аҳзоб Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 24

لِّيَجۡزِىَ اللّٰهُ الصّٰدِقِيۡنَ بِصِدۡقِهِمۡ وَيُعَذِّبَ الۡمُنٰفِقِيۡنَ اِنۡ شَآءَ اَوۡ يَتُوۡبَ عَلَيۡهِمۡ‌ ؕ اِنَّ اللّٰهَ كَانَ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٢٤

Ли яҷзияллоҳу-с-содиқӣна би сидқиҳим ва юъаззиба-л мунафиқӣна ин шаа ав ятуба ъалайҳим. Инналлоҳа кана Ғафура-р-Раҳӣма. 24.

24. То Худо ростгӯёнро дар муқобили ростгӯияшон подош диҳад ва агар хоҳад, мунофиқонро азоб кунад ё бар онҳо ба раҳмат бозгардад. Ҳаройина, Худо омурзандаву меҳрубон аст.

Худованд дар ин оят натиҷаи амалкарди муъминон ва мунофиқонро хулоса карда гуфтааст, ки мақсад аз рӯ ба рӯ кардани мусалмонҳо ба Аҳзоб ва ё ба дигар мушкилот, ки ҳар замон бар сари мусалмонҳо меояд, барои он аст, ки Худованд шахсони содиқ (ростгӯён)-ро ба хотири сидқашон биозмояду ба онҳо подоши арзанда диҳад ва агар мунофиқон дар нифоқашон бимонанд ё бимуранд, ҳар гоҳе бихоҳад ба онҳо ҷазои мувофиқ диҳад ё агар тавба кунанду имон оранд, онҳоро бибахшад ва тавбаи онҳоро бипазирад. Зеро Худованд барои касоне, ки тавба мекунанд ва аз нифоқ боз мегарданд, бе шакку шубҳа ғафуру раҳим аст.

Хулоса, на муъминони мухлису содиқ бе подош мемонанд ва на мунофиқони фироркунанда аз майдони ҷанг бе ҷазо.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)