Ғайр аз фарз ва воҷиб ва суннат ҳар коре, ки дар равиши намоз гузоридан баён карда шуд мустаҳаб ва одоби намоз аст.

Хотиррасон мешавем, ки мо Тарзи хондани Намозҳои панҷвақтаро дар ин мақолаҳо қадам ба қадам бо расмҳо нишон додем, ки мустаҳабот ва одоби намозро низ дар бар мегиранд: Намозҳои Панҷвақта<<<
Баъзе аз одобҳои намоз инҳоянд:
- Берун кардани дастҳо аз остинҳо барои мардон дар вақти такбир гуфтан;
- Намозгузор бояд ҳангоми “қиём” ба саҷдагоҳаш ва дар вақти “рукӯъ” ба нӯги пойҳояш ва ҳангоми дар “қаъда” нишастан ба синааш ва инчунин ҳангоми салом додан ба сари китфҳояш нигоҳ кунад;
- Агар имкон дошта бошад сурфаашро боз дорад.
Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.
| Дигар маводҳо: |


