Сураи Аҳзоб Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 42

وَّ سَبِّحُوۡهُ بُكۡرَةً وَّاَصِيۡلًا ٤٢

Ва саббиҳуҳу букрата-в ва асӣла. 42.

42. Ва Ӯро субҳу шом ба покӣ бихонед.

Худованд дар ин оятҳо рӯйи суханро ба сӯи бандагони муъмин гардонида, бахше аз вазифаҳои онҳоро баён карда гуфтааст, ки эй касоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр зикр (ёд) ва субҳу шом (авали рӯз ва дар охир рӯз) Худовандро ба покӣ ёд кунед! Яъне Худовандро аз сифатҳое, ки лоиқи мартабаи Ӯ нестанд, пок ҳисобед ва Ӯро ба покӣ ёд кунед!

Оре! Бандаи муъмин рӯзона ва шабона, дар хона ва дар берун, ҳангоми кор ва оромӣ, ҳангоми сарватмандӣ ва тангдастӣ, саломатӣ ва беморӣ, хулоса дар ҳама ҳол бояд ба зикри (ёди) Худо машғул бошад.

Чун зикри Худо бисёр шавад, инсон аз дурӯғ гуфтан, буҳтон, иғво, ғайбат, суханчинӣ ва аз дигар гуноҳҳо даст мекашад. Дигар ин, ки дар дили шахси бисёр зикркунанда ба ғайр аз муҳаббати Худо дигар муҳаббат намеғунҷад. Фоидаи зикри бисёр он аст, ки ба гуфтани он одат мекунад, дар забон мешинад, забон бо гуфтани он мулоим мешавад. Сипас оҳиста-оҳиста исми мубораки «Аллоҳ» аз забон ба ҳулқум ва сипас ба Қафаси сина ва сипас ба дил мерасад. То он ҷое, ки агар забон нагардонад ҳам, дили чунин шахс «Аллоҳ, Аллоҳ» гуфтанро одат мекунад, дар натиҷа ӯ дар Қатори шахсони зокир номнавис мегардад.

Ба ривояти Имом Аҳмад (р) омадааст, ки ду шахси аъробӣ (бодянишин) ба ҳузури Расулуллоҳ (с) омаданд, яке аз онҳо гуфт: «Ай Расули Худо! Беҳтарини инсонҳо кист?». Расулуллоҳ (с) дар посух ба онҳо гуфтанд: «Касе, ки умри дароз бинаду амалаш хуб бошад». Дигаре аз онҳо пурсид: «Ай Расули Аллоҳ! Таклифоти исломӣ хело бисёр шуд, маро ба коре амр фармо, то инки онро ҳамеша маҳкам бидорам». Расулуллоҳ (с) дар посух гӯфтанд: «Бо зикри Аллоҳ забони ту ҳамеша бояд тар бошад». Бо ин мазмун дигар ҳадисҳо низ ривоят шудаанд.

Муфассирон гуфтаанд, ки таъкиди тасбеҳ (ба покӣ ёд кардан)-и бисёр дар бомдодон ва шомгоҳон барои он аст, ки дар ин ду вақт фариштагон ба Замин фуруд меоянд. Субҳгоҳон ва шомгоҳон бофазлтарин ва беҳтарин вақт ба ҳисоб мераванд. Мукофоти шахси зокирро ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)