Сураи Аҳзоб Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 43

هُوَ الَّذِىۡ يُصَلِّىۡ عَلَيۡكُمۡ وَمَلٰٓٮِٕكَتُهٗ لِيُخۡرِجَكُمۡ مِّنَ الظُّلُمٰتِ اِلَى النُّوۡرِ ؕ وَكَانَ بِالۡمُؤۡمِنِيۡنَ رَحِيۡمًا ٤٣

Ҳува-л-лазӣ юсаллӣ ъалайкум ва малаикатуҳу ли юхриҷакум-м мина-з зулумати ила-н-нур. Ва кана би-л-муъминӣна Раҳӣма. 43.

43. Ӯст он Худое, ки бар шумо раҳмат мефиристад ва фариштагони Ӯ барои шумо дуъои раҳмат мекунанд, то шуморо аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ бароварад. Ва Худо барои мусалмонон меҳрубон аст.

Дар баёни сабаби нузули ояти мазкур чунин омадааст: Вақто ки ояти 56-уми ҳамин сура: «Инналлоҳа ва малаикатаҳу юсаллуна ъаланнабӣ…» (Худованд ва фариштагон ба Набӣ (с) дуруд фиристоданд …) нозил шуд, Абӯбакри Сиддиқ (р) гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ! То кунун Худованд (ҷ.ҷ.) ҳар хайреро фиристода бошад, албатта, моро дар он шарик гардонида буд. Ҳоло дар ин оят ба назарам фақат шуморо махсус гардонидааст?». Ҳамоно, ояти мазкур нозил шуд ва дар он фармуд, ки Ӯ (Аллоҳ) Зотест, ки бар шумо салавот (раҳмат) мефиристад ва фариштагони Ӯ низ бар шумо саловот (дуъо ва талаби бахшиши гуноҳҳо) мефиристанд, то шуморо аз торикиҳои гуноҳҳои ба сӯи нури тоъат ва аз торикиҳои ҷаҳлу гумроҳӣ ба сӯи нури ҳидоят ва аз торикиҳои шакку ҳайрат ба сӯи нури яқин (боварии том) ва оромии дил ва аз торикиҳои нафс ба сӯи нуронияти Қалб берун орад. Чаро ки Ӯ таъоло нисбат бар муъминон бисёр меҳрубон аст ва дар охират бо кофирон бо адли Хеш муъомила мекунад. на бо меҳрубонии Хеш. Муфассирон чун соҳиби “Анворул Қуръон” ва Ибни Кассир (р) зимни ояти мазкур навиштаанд, ки салавот (дуруд)-е, ки аз ҷониби Парвардигор барои бандагони муъмин фиристода мешавад, барои онҳо нузули раҳмат ва баракоти Парвардигор аст. Ва салавот (дуруд)-е, ки аз ҷониби фариштагон барои бандагони муъмин фиристода мешавад, дуъо ва истиғфор аст. Ҳамчунин дар ояти 7-уми сураи «Ғофир» гузашт, ки фариштагон назди Худованд омурзиши гуноҳҳони бандагони муъминро талаб мекунанд. Ояти мазкур барои муъминоне, ки ҳамвора ба ёди Худованд шуда, зикри бисёр мегӯянд, башорати бузург аст. Ҳамчунин дар оёти 82-83-уми сураи «Сод» гузашт, ки касоне, ки ҳамеша бо зикри Худованд машғуланд, бандагони мухлисанд. Шайтон бо васвасаҳои худ онҳоро фиреб дода наметавонад. Оре! Агар раҳмати Парвардигор барои бандагони муъминаш намебуд, ҳаргиз ин роҳи пурпечутоб паймуда намешуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)