Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 44
تَحِيَّتُهُمۡ يَوۡمَ يَلۡقَوۡنَهٗ سَلٰمٌ ۖۚ وَاَعَدَّ لَهُمۡ اَجۡرًا كَرِيۡمًا ٤٤
Таҳийятуҳум явма ялқавнаҳу салам. Ва аъадда лаҳум аҷран карӣма. 44.
44. Рӯзе, ки бо Худо мулоқот кунанд, дуъои хайри онҳо «Салом!» аст ва Худованд барои онҳо музди бузургро омода кардааст.
Худованд дар ояти мазкур мақом ва подоши олитарини онҳоеро, ки зикри бисёр ва саҳару бегоҳ Худовандро ба покӣ ёд мекунанд, баён карда гуфтааст, ки чун онҳо дар рӯзи Қиёмат яъне, рӯзе, ки муъминон ба Аллоҳ рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷониби Аллоҳ таъоло ва аз ҷониби фариштагон ҳамчу хайру шодбошӣ, фақат калимаи саломро мешунаванд. Чун онҳо мавриди пазириши саломи Худованд ва фариштагон Қарор мегиранд, ҳамоно хавфу хатару даҳшате, ки аз сахтии рӯзи Қиёмат ва Дӯзах доштанд, аз онҳо дур мешавад. Дигар ин, ки Худованд барои чунин шахсоне, ки сифати зокирӣ доранд, аҷри бузург (Ҷаннат)-ро омода сохтааст. Онҳо, ҳангоме ки Биҳиштро мебинанд, табъашон шоду болида мешавад.
Ояти зер мақому мартабаи Расулуллоҳ (с)-ро баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «