Тафсири Сураи Анъом Ояти 146 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 146
وَعَلَى الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا كُلَّ ذِي ظُفُرٍ ۖ وَمِنَ الْبَقَرِ وَالْغَنَمِ حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ شُحُومَهُمَا إِلَّا مَا حَمَلَتْ ظُهُورُهُمَا أَوِ الْحَوَايَا أَوْ مَا اخْتَلَطَ بِعَظْمٍ ۚ ذَٰلِكَ جَزَيْنَاهُمْ بِبَغْيِهِمْ ۖ وَإِنَّا لَصَادِقُونَ ١٤٦
Ва ъала-л лазӣна ҳаду ҳаррамна кулла зӣ зуфур. Ва мина-л бақари ва-л-ғанами ҳаррамна ъалайҳим шуҳумаҳума илла ма ҳамалат зуҳуруҳума ави-л ҳавайа ав махталата би ъазм. залика ҷазайнаҳум би бағйиҳим ва инна ла содиқун. 146.
146. Ва бар касоне, ки яҳудиянд, ҳар ҷонвари нохундорро ҳаром карда будем. Ва аз гов ва гӯсфанд чарбуи ин ду қисмро бар онҳо ҳаром карда будем, магар он чарбуе ки пуштҳои ин ду қисм бардошта аст ё онро рӯдаҳо бардошта аст ё он чӣ ба устухон омехта бошад. Ҳамин тавр, ба сабаби зулмашон онҳоро ҷазо додаем. Ва ҳаройина, Мо ростгӯем.
Муфассирони олиқадр зимни шарҳу эзоҳи ин оят чунин гуфтаанд, ки зикри он чизҳое, ки дар асл ҳароманд, дар оятҳои қаблӣ гузашт, аммо дар ин оят баёни баъзе ашёи ҳалол, ки ба баъзе аз мардуми гузашта ҳамчу сазо (ҷазо) барои гунаҳкорияшон, ҳаром ҳукм шуда буд, зикр гардидааст.
Масалан, Ибни Касир ва Ибни Ҷарир ва Муҷоҳид дар тафсири ин оят гуфтанд, ки Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки мо бар аҳли яҳуд ҳайвонҳои нохундорро, ки байни ангуштонаш шикофта набошад хоҳ онҳо парранда бошанд ва хоҳ чаҳорпо, мисли шутур, шутурмурғ, мурғобӣ, ғоз, ки панҷаҳои онҳо парда доранд, дар Таврот ҳаром ҳукм карда будем. Он ҳайвонҳоеро, ки мушрикон барои худ ҳаром гардонидаанд, ин бофтаву сохтаи худи онҳост. Ҳатто дар замони паёмбарии ҳазрати Нӯҳ (а) ва Иброҳим (а) ингуна ҳукм дида намешуд. Оре, ҳаром будани гӯшти ҳайвонҳое, ки сум (нохун)-и онҳо ҷуфт нест, монанди шутур, мурғобӣ ва ғайра дар Таврот омада бошад ҳам, вале роҷеъ ба таҳрими онҳо дар Қуръони карим ягон ҷо ишора нашудааст. Пас мушрикон ва яҳудиён аз куҷо ва бо кадом иснод ҳукмҳои Қуръониро нодида гирифта, чизҳои хосеро барои худ ҳаром гардониданд? Аҳли яҳуд, ки то кунун ба ҳукмҳои Қуръон итоат надоданд, гӯшти ҳайвонҳои дар фавқ зикршударо намехӯранд.
Дар ивази ин ҳайвонҳои ҷуфтсум ва паррандаҳои ангуштонашон парданадошта ба мисли мурғ, кабк, гунҷишк ва амсоли онҳоро беибо тановул мекунанд.
Ҳамчунин дар идомаи оя омада аст, ки ҳамчун сазои амал ба аҳли яҳуд чарбуҳои гову гӯсфандро, ки ба пушт, ба рӯда ва ё ба устухон часпида нестанд, ҳаром ҳукм кардем. Баъзе аз муфассирон чун Саддӣ гуфтаанд, он чарбуе, ки атрофи рӯдаҳо печидааст ва чарбуе, ки болои шиками ҳайвонот ва ё ба устухонҳои онҳо пайвастагӣ надорад, бар онҳо ҳаром ҳукм шуда буд.
Аммо дунбаи гӯсфанд, ки ба устухони дохили он васл аст ва дигар чарбуҳое, ки ба пушту почаку сару биқину коси ҳайвонот пайвастанд, аз ин қабил ҳисобида намешуданд.
Худованд мегӯяд, ки ин гуна маҳдудият ва сахтгирӣ бар аҳли яҳуд аз он боис буд, ки онҳо дар зулму тааддӣ хеле дасти кушод доштанд ва аз ҳеҷ гуна гуноҳ рӯй намегардониданд. Зулм дар миёни яҳуд то ҳадде дар авҷ буд, ки ҳатто даст ба қатли анбиё зада, рибо мехӯрданд ва бо роҳҳои ботил амволи мардумро аз худ карда, амали худро ҳалол медонистанд.
Хулоса, онҳо доимо ба иҷрои амалҳои хилофи амри Аллоҳтаъоло моил буданд.
Дар охир Аллоҳтаъоло гуфтааст, ки ай Муҳаммад (с), мо дар он чи перомуни яҳудиҳо бароят баён кардем, албатта, содиқу ростгӯй ҳастем. Агар яҳудиҳо гӯянд, ки Исроил (Яъқуб (а) ашёи номбурдаро бар нафси худ ҳаром гардонид ва мо аз вай пайравӣ намудем, ин сухан дурӯғи маҳз буда, асоси воқеӣ надорад. Балки саҳеҳу дуруст он аст, ки дар боло гузашт ва ҳамин каззобии онҳо боис гардид, ки Аллоҳтаъоло барояшон ҷазои саривақтӣ ва мувофиқро сазовор донисту муқаррар намуд. Чунин мазмун дар ояи 160-уми сураи “Нисо” низ гузашта буд. Акнун дар тақвияти он чи баён шуд, ин ҷо чанд ҳадис низ зикр мешавад: Имом Аҳмад (р) ҳадисеро аз Абӯ Довуд ва дар охир аз Усома бини Зайд (р) чунин ривоят кардаанд. Ӯ гуфтааст: “Барои аёдати Расули Акрам (с) рӯзе наздашон ҳозир шудам. Ӯ (с) рӯйи мубораки худро бо бурди Адни (навъе аз матоъ) пӯшида хоб буданд. Пас онро аз рӯйи худ дур карда, гуфтанд: “Худованд яҳудро лаънат кунад, ки барои онҳо чарбуи гӯсфанд ҳаром гардонида шуда буд, вале онҳ
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
о онро фурӯхтаву пулашро мехуранд”.
Дар ҳадиси марфуъи Абу-Довуд аз Ибни Аббос (р) чунин омадааст: “Агар Аллоҳтаъоло хӯрдани чизеро ҳаром гардонида бошад, албатта, хӯрдани пули онро низ ҳаром гардонида аст”.
Бо ихроҷи Суфён бини Уйайната аз Амр бини Динор аз Ибни Аббос (р) бармеояд, ки Абдуллоҳ Ибни Аббос (р) чунин гуфтаанд: “Ба Умар бинни Хаттоб (р) хабар расид, ки Самрата ном шахс хамр фурӯхтааст. Умар (р) гуфтанд: “Худованд Самратаро ҳалок созад! Охир ӯ магар намедонад, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: Аллоҳтаъоло яҳудро лаънат кунад, ки бар онҳо чарбҳо ҳаром ҳукм шуда буд, вале онҳо чарбҳоро як ҷо ҷамъ карда, гудохтанду фурӯхтанд.”
Хулоса, чизеро, ки Аллоҳтаъоло ҳаром ҳукм карда бошад, истеъмолу фурӯхтан ва истифодаи он низ барои кадом коре, ки бошад, ба куллӣ ҳаром аст.