Тафсири Сураи Анъом Ояти 145 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 145
قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنْزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۚ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ١٤٥
Қул ла аҷиду фӣ ма уҳия илайя муҳарраман ъала тоъими-й ятъамуҳу илла ай якуна майтатан ав дама-м масфуҳан ав лаҳма хинзӣрин фа иннаҳу риҷсун ав фисқан уҳилла ли ғайриллаҳи биҳ. Фа ман-иЗтурра ғайра бағив ва ла ъадин фа инна Раббака Ғафуру-р-Раҳӣм. 145.
145. Бигӯ: «Дар он чӣ ба сӯйи ман ваҳй фиристода шудааст, дар хӯрдание ки онро мехӯранд, ҳеҷ ҳаромро намеёбам, магар он ки он чиз мурдор бошад ё хуни равон ё гӯшти хук, ки ҳаройина, ӯ нопок аст ё аз рӯйи фисқ бошад, ки ҳангоми забҳ ба номи ғайри Худо забҳ шавад. Пас, (магар) касе ки аз рӯйи гуруснагӣ ночор монад, ғайри боғӣ ва ғайри аз ҳад гузаранда бошад, пас, Парвардигори ту, бешак, бисёр бахшанда аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят бандаи Худ Муҳаммад (с)-ро фармуда аст, ки ба он мушрикони Макка, ки бӯҳтоне бар Аллоҳтаъоло баста, ризқи ҳалол ҳукмкардаи Ӯро ҳаром мегӯянд, бигӯ, ки то ба ҳозир дар миёни он чи, ки аз тарафи Парвардигор дар робита ба хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо барои ман ваҳй нозил шуда аст, хӯрданиеро барои истеъмолкунанда ҳаром намеёбам. Шумо ба кадом далел баъзе ҳайвонҳои ҳалолро барои худ ва ё барои ҳамсарони худ ҳаром ҳукм мекунед?.
Яъне ҳаром набудани он чаҳорпоёне, ки мушрикон номгузорӣ намуданд, бо далел овардани ин оят ва ояти 172-уми сураи “Бақара” ва ояти 5-уми сураи “Моида” таъин шуд ва умуман дар Қуръони карим далеле барои ҳаром будани онҳо нест. Ҳар он чизе, ки ҳаром шуд, баъди нузули ин оят ва ояти 5-уми сураи “Моида” ва ояти 172-юми сураи “Бақара” ва бо ҳадисҳои воридшудае, ки мувофиқ ба маънои ин оятҳоянд, амалӣ шудааст.
Дар ҷузъи истисноии ояти мазкур омадааст, ки хӯрдани он ҳайвонҳои гӯшташон ҳалоле, ки худмурдаанд, ҳаром аст. Ва хуни бофишоре, ки дар ҳолати забҳ ё даронидани бадани ҳайвони гӯшташ ҳалол ҷорӣ шавад, он ҳам ҳаром аст. Ҳамчунин гӯшти хук, ки Худованд онро палид (нопок) ҳукм кард, ҳаром аст. Илова бар ин, агар хӯрданиҳои ҳалол олудаи фисқ бошанд, онҳо низ ҳароманд. Масалан, гӯшти ҳайвони ҳалол, ки на ба номи Худо, балки ба ғайри номи Ӯ, аз ҷумла, бо номи бутҳо ва ғайра забҳ гаштааст, ҳаром аст.
Аллоҳи меҳрубон ба бандаҳои Худ ғамхорӣ ва лутф намуда, дар давоми оят фармудааст, ки агар банда гирифтори ҳолате шавад, ки барои эмин доштани хеш аз таҳдиди марг ба ҷуз аз истифодаи чизҳои ҳаром чораи дигаре надорад, пас ба хотири нигоҳ доштани рамақи ҷони худ истифодаи чанд луқмае аз ин чизҳои ҳаромҳукмшуда ба ӯ иҷозат аст. Албатта, бо риояи шартҳои зерин. Аввал, ин,ки он боғӣ набошад, яъне мақсад аз хӯрдан лаззатбардорӣ набошад. Дувум, дар истифода аз ҳадди аққал таҷовуз накунад, яъне ба андозае тановул кунад, ки сабаби рафъи ҳалок гардад, на зиёда аз он.
Дар ин гуна ҳолат инсон гунаҳкор нест ва дар ҳисоби ҳаромхӯрон қарор надорад. Зеро ваъдаи Аллоҳтаъоло ба Расулаш (с) аст, ки Парвардигори ту бисёр омурзандаи гуноҳҳои бандагони Худ ва барои онҳо бисёр ғамхору раҳим аст. Акнун ин ҷо овардани чанд ҳадис зимни шарҳи ояи мазкур ба маврид аст: Ба ривояти Имом Аҳмад (р) аз Аффон ва дар охир аз Ибни Аббос (р) чунин омада, ки Савда бинти Замъата гӯсфанде дошт ва он мурд. Пас гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), маро гӯсфанде буд, вай мурд. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Барои чӣ пӯсти вайро нагирифтӣ?”. Савда гуфт: “Магар гирифтани пӯсти гӯсфанди худмурда иҷозат аст?”. Расули Худо (с) дар посухи ӯ ояти мавриди тавзеҳро қироат намуда, дар идомаи қироати хеш илова намуд: «Шумо онро намехӯред-ку. Он пӯстро гиреду мавриди коркард қарор диҳед ва рангаш занеду истифодааш баред”. Савда чун инро шунид, нафарреро фиристод, то гӯсфандро пӯст канданд ва тибқи фармудаи Расули Акрам (с) вайро даббоғӣ карда, ба машк табдилаш доданд ва он то фарсуда шуданаш барои истифода назди Савда қарор дошт. Чунин ҳадис дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Насоӣ ва аз Шаъбӣ ва аз дигар ровиҳои сиққа низ дарҷ гардида аст.
Саид ибни Мансур мегӯяд, ки Абдулазиз ибни Муҳаммад ба мо ҳадисеро аз Иса ибни
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Намилатаи Фаззорӣ ва ӯ аз падараш ривоят кард, ки назди Ибни Умар (р) нишаста будам, марде аз ҳалол ё ҳаром будани қунфуз (хорпуштак) аз ӯ савол кард. Ибни Умар (р) дар ҷавоби суоли вай ояти мазкурро тиловат намуд. Шайхе, ки онҷо ҳузур дошт, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфт, ки ман аз Абӯҳурайра шунидам, ки гуфт: “Боре аз Расулуллоҳ (с) дар бораи қунфуз пурсиданд, Ӯ (с) дар посух гуфт, ки ӯ хабисе аз хабисҳост.” Ибни Умар (р) гуфт: “Агар Набӣ (с) чунин гуфта бошад, ниёз ба илова надорад.”
Хулоса, ҳар чизеро, ки Расулуллоҳ (с) наҳй (манъ) карда бошад мутобиқи мазҳаби машҳуртарин уламо ҳаром аст. Зеро ҳазрати Муҳаммад (с) ҳангоми баёни ақида танҳо такя ба ваҳйи илоҳӣ мекард, ваҳйи илоҳиро ба мардум мерасонид ва дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада бо иродаи хеш сухан намегуфт.
Он чизҳоеро, ки ба сабаби таҷовузу гунаҳкории яҳудиён барои онҳо ҳаром ҳукм шуда буданд, ояти зер мавриди баррасӣ қарор медиҳад: