Сураи Аъроф Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 11

وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ ثُمَّ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ لَمْ يَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ ١١

Ва лақад халақнакум сумма савварнакум сумма қулна лил малиикатисҷуду ли Одама фа саҷаду илла Иблӣса лам яку-м мина-с-саҷидӣн. 11.

11. Ва ҳаройина, Мо шуморо офаридем, боз шуморо сурат бастем, сипас ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Пас, ҳама фариштагон саҷда карданд, магар Иблис, ӯ аз саҷдакунандагон набуд.

Аллоҳ таъоло дар 15 сураи Қуръон, валлоҳу аълам, ояти 3 ва 14-уми сураи “Раҳмон”, ояти 2-юми сураи “Алақ”, ояти 28-уми сураи “Нисо”, ояти 26-уми сураи “Ҳиҷр”, ояти 4-уми сураи “Наҳл”, ояти 67-уми сураи “Марям”, ояти 37-уми сураи “Анбиё”, ояти 12-уми сураи “Муъминун”, ояти 7-уми сураи “Саҷда”, ояти 77-уми сураи “Ёсин”, ояти 16-уми сураи “Каҳф”, ояти 19-уми сураи “Маъориҷ”, ояти 2-юми сураи “Инсон”, ояти 4-уми сураи “Балад”, ояти 4-уми сураи “Тин” ва дигар сураҳо ишора ба офариниши инсон кардааст. Аммо калимаи Одам (а)-ро дар 25 ҷои Қуръон ва аз он ҷумла дар сураи “Бақара” (оятҳои 31-33-34-35-37), сураи “Оли Имрон” (оятҳои 33 ва 59), сураи “Моида” (ояти 28), сураи “Аъроф” (оятҳои 11-19-26-27-31-35-172), сураи “Исро” (оятҳои 61-70), “Каҳф” (ояти 50), сураи “Марям” (ояти 58), сураи “Тоҳо” (оятҳои 115-116-117-120-121), сураи “Ёсин” (ояти 60-ум) зикр намудааст. Аз он ҷумла, Аллоҳтаъоло дар ояти таҳти назар ҳам инсонҳоро бинобар шарафи падарашон Одам (а) танбеҳ намуда, душмании Иблисро баён карда, фармудааст, ки дар ҳақиқат, Мо шуморо, яъне падари шумо Одам (а)-ро аз лой (хок)-е, ки сурат надошт, офаридем ва ӯро дар беҳтарин шакл қаду қомати зебо сурат бастем ва баъд аз он барои ҳурмати ӯ ва зуррияи ӯ фариштаҳоро амр ба саҷдаи ӯ намудем. Ба ғайри Иблис, ки ба Одам (а) ҳасад дошту аз ҷинси саҷдакунандагон набуд, дигар ҳама фариштаҳо амри Аллоҳ таъолоро ба ҷо оварда, Одам (а)-ро саҷда карданд. Иблис аз рӯи кибру саркашӣ саҷда накард. Маълум мешавад, ки агарчи Иблис байни фариштаҳо бошад ҳам, аммо бо ривояти Ҳасани Басрӣ (р) ӯ аз ҷинси онҳо набудааст. Ӯ аз ҷинси ҷинҳо аст. Вақто ки саҷда накард, Аллоҳ таъоло аз ӯ пурсид:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)