Ғазали “Ашкам чакад хар ними шаб” дар шакли матн (текст) ва дар навор (видео). Нашиди точики 2021 Ашкам чакад ҳар ними шаб нашиди тоҷикӣ >>

Ашкам чакад ҳар ними шаб,
Бар сафҳаи Қуръони ман.
Гӯё, ки оташ мезанад,
Ҳар шӯълааш бар ҷони ман.
Қуръон магӯ дарёст ин,
Дарёи нопайдост ин.
То ҷовидон барҷост ин,
Ҳар ояааш бурҳони ман.
Гӯяд чаро дар доманӣ,
Роҳи мухолиф мезанӣ?
Ман бо туам, ту аз манӣ,
Ту ҷони ман, ҷонони ман.
Гоҳе барояд ин садо,
Рӯзе ба ман гуфто бало.
Акнун чӣ кӯшӣ бесабаб,
То бишканӣ паймони ман.
Даъвои маъбудӣ макун,
Оҳанги нобудӣ макун.
Ай банда намрудӣ макун,
Парво кун аз туфони ман.
Давоми нашидро дар ин навор бубинед >>
Барои дастгирии мо ба канали мо дар Ютуб обуна шавед >> ОБУНА ШУДАН


