
Партовгоҳ – ҷоест, ки тамоми партовҳои дар рӯзгор пайдошуда ба он ҷо оварда мешаванд.
Ҳамчунин партовгоҳҳои назоратшаванда мавҷуданд, ки дар он партовҳои сахти аз хонаҳои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳосилшуда нигоҳ дошта мешаванд. Баъди чанд муддат партовҳои ҷамъшуда ба қабатҳо бо фишор сахт карда мешавад.
Партовгоҳҳо бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошанд, то пеши роҳи паҳншавии бемориҳо ва ифлосшавии муҳити зист гирифта шавад.
Партовгоҳ чист?
Партовҳоро дар як ҷой ҷамъ кардан ба манфиат нест. Баръакас бо гузашти мурури замон онро нест кардан лозим аст.
Фаромуш набояд кард, ки мавзеъи имрӯзаи партовгоҳҳоро дар оянда бо тадриҷ ҷангалу боғистон биноҳои истиқоматӣ, марказҳои фароғатӣ дилхуши иваз мекунанд. Ва ё дар оянда ба ҷои партовгоҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ – саноатӣ бунёд хоҳанд шуд.
Партовҳоро истифода бар
Сумкаҳои пластикӣ, лифоҳо ва коғазҳо барои хатнависӣ, борҷома ва тӯҳфаро метавонем чандин маротиба истифода барем. Банкаҳои тунукагии нӯшокиҳои ташнагишиканро мувофиқи завқу салиқаи худ ранг карда, аз он истаконҳои қаламмонӣ тайёр кардан мумкин аст.
Бо чандин қуттии хокаи ҷомашӯӣ метавон сабадчаи коғазгирӣ сохт.
Бо истифода аз қуттиҳои картонӣ, либосҳои кӯҳна ва чизҳои нодаркор, ки онҳоро партофтанӣ ҳастӣ, бозича ё костюми базми ниқобдоронро бисоз.


