Пасмондаҳои хӯрокро дар як ҷо ҷамъ овардан, ба замин рехтан мумкин нест, зеро ки бактерияҳои дар ҳавобуда барои вайроншавии боқимондаҳои гӯшт, моҳӣ ва меваҷот мусоидат карда, боиси пӯсиши онҳо мешавад.
Дар шаҳрҳо пасмондаҳои аз хонаҳо ҷамъшуда ба беруни шаҳр кашонида мешавад. Як қисми пасмондаҳо коркард шуда, қисми дигараш сӯзонида мешавад.
Вақти зарурии пурра вайроншавии чизу ашёҳои дар замин гуронидашуда
- коғаз – 15 рӯз
- куттии консерва – 20 рӯз
- зарфи шишагӣ (бутал) – солҳои зиёд
- шиша – солҳои зиёд
Алоҳида ҷамъ овардани пасмондаҳо чӣ маъно дорад?
Ҳамарӯза мо миқдори зиёди маҳсулотро истифода мебарем, ки дар маҷмӯъ, боиси ғуншавии чунин пасмондаҳо, аз қабили қуттиҳои консерва, коғазхалтаҳо, шишаҳо, коғаз ва ғайра мегардад.

Дар баъзе мамлакатҳо оилаҳои иборат аз чор нафар рӯзе қариб се килограмм пасмондаро ҷамъ меоранд. Фақат тасаввур кун, ки ҳар рӯз дар шаҳрҳое, ки аҳолиаш чандин ҳазор ё миллион нафарро ташкил медиҳад, чӣ қадар пасмонда ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ қадар зиёд пасмондаро коркард намудан зарур аст. Барои ин ҷамъоварии ҷудогонаи партов талаб карда мешавад, ки он аз кадом вазифаро ба ҷо овардани қисматҳои таркибии он вобаста буда, коғазу картон, қуттиҳои консерва, шиша, пластика: алоҳида ва материалҳои ба тариқи табиӣ тақсимкунанда баъди кадом муддати муайян, яъне вобаста ба таъсири таҷзияи биохимиявӣ ҷудо карда мешавад.


