Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ба ҳашт табақаи мардум закот додан дуруст нест:
1-Ба падару модар , бобо ва бибӣ.
2- Ба фарзандон ва наберагон.
3- Ба ҳамсар.
4-Ба шавҳар.
5-Ба саидзодагон.
6-Ба касоне, ки аз дидгоҳи шариъат сарватманд ба шумор мераванд ва бояд худашон закот бидиҳанд.
7-Ба касоне, ки закот дар молашон воҷиб нест, валекин ба қадре мол доранд, ки бар онҳо садақаи фитр ва қурбонӣ воҷиб шудааст.
8-Ба ғайри мусулмон. Ба касони ғайри мусулмон садақаҳои нафлӣ дода мешавад, вале аз моли закот дода намешаванд.


