Масорифи закот, яъне ашхосе ки закоти молро ба онҳо додан ҳатмӣ ва зарурист ва агар ба ғайри инҳо бидиҳад закоташ дуруст намешавад ва бояд дубора закот бидиҳад, ҳафт табақаи мардуми ҷомеъа мебошанд. Онҳоро Аллоҳ таоло дар ояти 60 сураи “Тавба” чунин зикр кардааст:
{إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ} (التوبة: 60)
“Закот фақат барои фақирон, бенавоён, коргарони закотро ҷамъкунанда, мусулмонони ҷадиде, ки аз онҳо дилҷӯи карда мешавад, барои озодии ғуломон, қарздорон, дар роҳи Аллоҳ ва барои дар роҳмондагон аст. Фарзе аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ доно ва ҳаким аст”.
Табақаҳои мазкур қарори зайланд:
1- Фақирон. Мурод аз фақирон касоне мебошанд, ки барои идомаи ҳаёташон даромади кофӣ надоранд ва муҳтоҷ ба кумаки дигаронанд.
2- Мискинон. Мурод аз мискинон бенавоёне мебошанд, ки ҳеҷ чиз надоранд.
3- Коргарони ҷамъоварикунандаи закот. Маъоши масъулони ҷамъоварии закоти мардумро барои давлат аз моли закот дода мешавад.
www.donish.su
4-Ба дилҷуишавандагон. Мурод аз дилҷуишавандагон мусулмонони ҷадид мебошанд. Аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо, яъне моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо додани моли закот ба мусулмонони ҷадид барои дилгарм ба ислом шуданашон ҷоиз аст, вале аз дидгоҳи уламои мазҳаби мо ҳанафиҳо баъди пирӯз шудани дини мубини ислом ҳукми додани закот ба инҳо мансух шудааст. Аммо агар мусулмонони ҷадид фақир ё мискин бошанд, мисли бақияи мусулмонон бо иттифоқи чаҳор мазҳаб ба онҳо закот додан ҷоиз аст.
5- Барои озодии ғуломон. Додани закот ба он ғуломоне, ки дар ивази мол озодии худро аз хоҷагонашон мехаранд, ҷоиз аст.
6- Қарздорон. Додани закот ба мусулмони қарздор дуруст аст.
7- Дар роҳи Аллоҳ будагон. Додани закот ба ашхосе, ки дар роҳи Аллоҳ, яъне ба ашхосе, ки аз муҳорибаи душман ё аз рафтани ҳаҷ оҷиз мондаанд. Баъзе уламои ҳанафӣ ва ғайри ҳанафӣ тамоми толибилмонро дар роҳи Аллоҳ гуфтаанд ва аз моли закот ба онон доданро ҷоиз гуфтаанд.
8- Дар роҳ мондагон. Касоне, ки дар ғарибӣ туша ва маблағи сафарашон тамом шудааст ва аз идомаи роҳ оҷиз мондаанд.
Ашхоси мамнуъ аз закот – Ба кӣ закот надиҳем?


