Дар ин саҳифа маълумот пурра дар бораи Асхоби кахф оварда мешавад.
Асхоби кахф дар кадом замон буданд? Ҳозир оё қабри Асхоби кахф-ро дарёфтанд? Алҳол қабри онҳо дар куҷост? Ҷавоб ба ин саволҳо дар ин саҳифа.
Ҳам аз ҷиҳати Қуръони карим ва ҳам аз ҷиҳати далелҳои шаръиву ғайришаръӣ оварда шудааст.
Хонеду ба дигарон тавсия диҳед.

AСҲОБИ КАҲФ. Яке аз достони қуръонӣ дар бораи чанд тане аз ҷавонони муъмин ба рӯзгори пешин, ки аз зулми подшоҳе ситамгар ба ғоре паноҳ бурданд ва дар он ҷо бо амри Худо ба хоб фурӯ рафтанд ва пас аз дер замоне – сесад сол бедор шуданд.
Қуръони карим барои тасбити ақидаи муъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони муъминеро дар сураи Каҳф (18/9-26) зикр менамояд, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи вақт ба ғоре паноҳ мебаранд ва солиёни дарозе дар он ҷо ба хоби амиқ фурӯ мераванд. Қуръон дар ҳаждаҳ оят ба баёни ҷузъиёти ин ҳодисаи таърихӣ пардохта, тафосил ва раванди рӯйдоди онро ба сурати навори зиндае аз пеши чашм мегузаронад.
Назари аксари муфассирон бар он аст, ки асҳоби Каҳф муъминоне бар дини яҳуд буда, зиндагонӣ, даъват ва ғорнишин гаштани онҳо ба замони пеш аз ҳазрати Исо (а) рост меомад ва дубора барангехта ва бедор шудани онҳо бошад, пас аз Исо (а) ба вуқӯъ пайвастааст, зеро достони онҳо дар осор ва ривоятҳои динии мардуми яҳуд низ мавҷуд аст.
Ба назари баъзе муфассирон таърихи зиндагонии онҳо ба замони рисолати Мусо (а) – паёмбари банӣ Исроил мувофиқ меояд. Вале аз баъзе шавоҳиди таърихӣ бармеояд, ки онҳо аз ҷумлаи пайравони дини насронӣ буда, пас аз рисолати Исои Масеҳ (а) дар садаҳои аввали солшумории милодӣ гузаштаанд. Ғолибан ба назар мерасад, ки таърихи зиндагонӣ ва ғорнишин гаштани онҳо ба даврони фармонравоии яке аз коргузорони пурнуфуз ва ҳокимони сахтгири Рум Трожен (Trajan) дар сарзамини Шом дар солҳои 98-117 пас аз милод рост меояд ва он ба таври дақиқ пас аз илҳоқи комили сарзаминҳои ҷануби Шом дар соли 106 м. ба империяи Рум рӯй додааст.
Диёнати масеҳӣ дар ин давра то андозае дар миёни давлатдорон ва коргузорони радаҳои болоии императорӣ нуфуз карда буд. Трожен соли 112 м. дар бораи қатли масеҳиёне, ки ба император ва кишвари Рум садоқат надошта бошанд, фармон дод ва шояд ҳамин вазъ сабаби пинҳоншавӣ ва ба ғор паноҳ бурдани асҳоби Каҳф гардида бошад. Ва замони аз хоб бархостани онҳо дар давраи ҳокимияти императори Руми Шарқӣ Теодосиюси дуюм дар солҳои 407-450 м. сурат гирифтааст, замоне, ки масеҳият ба унвони диёнати расмии кишвар амал мекард. Ҳарчанд аксари ривоятҳои масеҳӣ ва осори дигари ривоӣ зуҳури аввали асҳоби Каҳфро ба замони фармонравоии император Дақёнус дар солҳои 249-251 пас аз милод мусодиф донистаанд, вале адами интибоқи замонбандии ҳаводис ва шавоҳиди муътамади таърихӣ онро рад менамоянд.
Дар бораи шаҳр ва сарзамини асҳоби Каҳф низ дар байни аҳли таҳқиқ ихтилофи назар вуҷуд дорад, баъзеҳо онро дар Осиёи хурд дар шаҳри Эфесус дар шимоли-ғарбии шаҳри Тарасус, ки дар он замон пойтахти шарқии империяи Рум буд, донистаанд ва баъзе дигар онро дар наздикиҳои пойтахти мамлакати имрӯзаи Урдун шаҳри Аммон гуфтаанд, ки дар он замон, ҳамон гуна ки дар сарчашмаҳои юнонӣ сабт шуда, ба шакли музофоте бо номи Филаделфия тобеи империяи Рум буд. Онҳо ба таври дақиқ водӣ ва рустоеро бо номи Раҷиб (Рақим) дар назар доранд, ки дар шимол-ғарбии шаҳри Аммон воқеъ шудааст. Ба андешаи аксари муфассирон калимаи «Рақим», ки дар оят зикр шудааст, ба сарзамин ва ё водие ишора дорад, ки ҳодисаи асҳоби Каҳф дар он ҷо гузашта ва каҳфи мазкур низ дар он воқеъ шудааст.
Аксари муҳаққиқони ғарбӣ, аз ҷумла мураттибони луғатномаи «Ислам: Энциклопедический словарь» низ назари дуюмро тарҷеҳ дода, асҳоби Каҳфро ғайр аз «ҳафт хуфтаи эфесӣ»-и маъруф дар Ғарб медонанд. Ахиран – соли 1963 ҳайати бостоншиносони урдуннӣ бо раёсати Рафиқ Вафо Даҷонӣ дар наздикиҳои шаҳри Аммон дар саҳрои Балқо каҳфе бо ҳамон тавсифоти қуръонӣ кашф намуда, ки бо лаҳҷаи мардумӣ ба он Раҷиб гуфта мешавад ва ба гуфти онҳо он ҳамон «Рақим»-е аст, ки зикри он дар Қуръон омада.
Бостоншиносони урдуннӣ дар даруни каҳф ҳашт қабр пайдо карда, ки дар ҳафт қабри он устухонҳои ҷасади дафншудагон вуҷуд доранд ва яке аз онҳо холӣ аст. Ҳамчунин онҳо косахонаи сар ва ҷоғи болои сагеро дар остонаи дари ғор пайдо кардаанд. Дар ин каҳф сиккаҳои византие низ ёфт шуда, ки қидмати таърихии онҳо ба аҳди ҳузури румиён дар сарзаминҳои Шом бармегардад.


