Дар ин мақола маълумот дар бораи Ал Хоразми оварда мешавад. Ал Хоразмий бо забони точики

Ал – Хоразмӣ – аз осон намудани ҳалли масъалаҳои риёзӣ то истилоҳи «алгебра»
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ тақрибан соли 783 дар Хеваи Хоразм (ҳозира Ӯзбекистон) таваллуд шудааст.
Ал Хоразми аслан эронинажод аст. Аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — шаҳри Бағдод рафт. Дар он ҷо ба Байтулҳикмаи Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд.
Дар натиҷаи тарҷумаи осори фалсафӣ, риёзӣ, тиббӣ, ҳайатшиносӣ ва ғайра (аз забонҳои юнонию суриёӣ ва паҳлавию санскрит) бо ташаббуси Маъмун Байтулҳикма ба маркази илмии бузурге табдил ёфт, ки дар он Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Исҳоқи Ибодӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абулаббоси Найрезӣ, Абуҷаъфари Хуросонӣ, Абулфатҳи Исфаҳонӣ ва писарони Ибни Шокир — Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан барин олимони машҳур анъанаи тадрису таълимро давом дода, ба ҳалли бисёр масъалаҳои илмҳои дақиқ кӯшиданд ва дар асарҳояшон ба кашфиёти бузурги илмӣ ноил шуданд.
Ал Хоразмӣ тақрибан соли 850 дар шаҳри Бағдод (ҳозира Ироқ) чашм аз ин ҷаҳони фонӣ пӯшидааст.
Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ дар рушди илми математика саҳми шоиста дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар илми риёзӣ мисолу масъалаҳо бо ҳуруф навишта ҳал мешуданд ва маҳз Хоразмӣ бо ворид намудани аломатҳои математикӣ онро осон намуд.
Адади сифр (0)-ро низ ӯ комил мекунад. Олим дар яке аз китобҳояш, ки доир ба ҳисоби ҳиндист, бори аввал ҳалли муодилаҳоро возеҳ нишон медиҳад. Китоби мазкур дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар рушди математикаи Ғарб сарчашмаи асосӣ гардид. Он ҳоло дар осорхонаи шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешавад.
Маъруфтарин китобаш «Ал-ҷабр вал-муқобила»-ро низ мамолики Ғарб фаровон истифода бурдаанд. Донишмандони соҳа бар он назаранд, ки маҳз ҳамин китоб боиси пайдоиши истилоҳи «алгебра» гардидааст.


