Далелҳои ҷолиб ва ё ба қавле фактхои чолиб, маълумотхои ҷолиб аз Паёмбар Хазрати Мухаммад (с) дар ин саҳифа оварда мешаванд. Ба ҳамаи Шумо тавсия медиҳем, хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед >>

Маълумотҳое, ки шумо дар бораи Расулуллоҳ (ﷺ) медонед ва намедонед!??
- Паёмбар (ﷺ) вақте ки Одам (алайҳиссалом) ҳанӯз дар байни ҷон ва ҷасад буд набӣ буданд.
- Дар насаби Паёмбар (ﷺ) то Одам (алайҳиссалом), аз ягон нафари онҳо, ҳеҷ амали фаҳш (бадахлоқона) содир накардаанд.
- Паёмбар (ﷺ) Аҳмад номида шуданд. Маънои Аҳмад: “Бештар аз ҳама Худоро ситоиш кунанда” мебошад. Пеш аз он зоти бобаракот ҳеҷ касро чунин ном ниҳода нашудааст.
- Паёмбар (ﷺ) шаб гурусна хобида субҳ сер бармехестанд. Худованд он зотро таом медод.
- Паёмбари Худо (ﷺ) тарафи пушти сарро медиданд, чи тавре, ки тарафи пешро медиданд.
- Паёмбари Худо (ﷺ) шаби торикро тавре медиданд, ки рӯзро медид.
- Оби даҳони Паёмбар (ﷺ) оби шӯрро ҳам тоза ва ширин мекард.
- Тарсу ҳаросро дар дили душманони Паёмбари Худо (ﷺ) аз масофаи як моҳа роҳ ҷой мегирифт.
- Паёмбар (ﷺ) ҳеҷ гоҳ хамёза накардаанд.
- Расулуллоҳ (ﷺ) ва дигар паёмбарон ҳеҷ гоҳ эҳтилом нашудаанд.
- Арақи Паёмбар (ﷺ) аз мушк хушбӯйтар буд.
- Паёмбари Худо (ﷺ) соя надоштанд. Он зот комилан нур будаанд.
- Ҳеҷ гоҳ дар либоси Паёмбар (ﷺ) магасе нанишастааст.
- Ҳеҷ гоҳ Паёмбари Худо (ﷺ) -ро кайк ва дигар ҳашарот неш зада азият надодааст.
- Саворие, ки Паёмбар (ﷺ) нишастаанд ҳеҷ гоҳ пешоб ва бавл намекард.
- Ҳангоми ба дунё омадани Паёмбар (ﷺ) коҳинон (рӯҳониёни насронӣ ва яҳудӣ) натавонистаанд аз осмон хабар гиранд.
- Расулуллоҳ (ﷺ) дар шаби Меъроҷ ба тамоми паёмбарон ва фариштагон имом шуда намоз гузоридаанд.
- Ба уммати Расулуллоҳ (ﷺ) тамоми замин ҳамчун масҷид дода шудааст.
- Паёмбар (ﷺ) агар дар замони пайғамбарони пешин меомаданд, пайғамбарони дигар бар он зот уммат мешуданд.
- Барои умматон Расулуллоҳ (ﷺ)-ро бо ном хондан ҳаром гардонида шудааст (Нур-63).
- Ба асҳоби Расулуллоҳ (ﷺ) аз овозашон баландтар сухан гуфтан манъ карда шудааст (Ҳуҷурот 2).
- Фаришта Исрофил (а) назди Расули Худо (ﷺ) фуруд омада. Ин фаришта пеш аз ин ҳеҷ гоҳ дар назди ҳеҷ як паёмбар фуруд наомадаанд.
- Гуноҳҳои қаблӣ ва баъдии Паёмбар (ﷺ) бахшида шуданд (Фатҳи 1-2).
- Аз бандагон дар қабр дар бораи Пайғамбар (ﷺ) пурсида мешавад, на дар бораи паёмбарони дигар.
- Касе, ки Паёмбари Худоро (ﷺ) дар хоб бинад, он зотро дар асл дидааст. Зеро шайтон ба сурати пайғамбар даромада наметавонад.
- Вақте ки Паёмбар (ﷺ) касеро садо кунанд, агар он одам ҳатто дар намоз ҳам бошад барояш барояш ҷавоб додан воҷиб буд.
- Вақте ки Расули Худо (ﷺ) ба дорулбақо реҳлат намуданд саҳобаҳо ҷанозаро бе имом, гурӯҳ-гурӯҳ анҷом доданд. Ва дар ин намоздуои машҳури ҷаноза хонда нашудааст.
- Ҷасади мубораки Паёмбар (ﷺ) пӯсида намешавад.
- Фариштае ба қабри Расулуллоҳ (ﷺ) муваккал гардонида шуда, дуруди тамоми дурудгӯяндагонро мерасонад.
- Дар рӯзи қиёмат аввалин шуда қабри Паёмбар (ﷺ) кушода мешавад. Он зот дар охират дар иҳотаи ҳафтод ҳазор фаришта мешаванд.
- Паёмбар (ﷺ) аввалин шуда аз пули Сирот убур мекунанд.
- Паёмбар (ﷺ) ба Маҳшаргоҳ бо аспе бо ном Бурақ меоянд.
- Паёмбар (ﷺ) дар рӯзи қиёмат дар тарафи рости Арш хоҳанд истод, ба тавре ки касе ҷуз эшон дар он ҷо нахоҳад истод.
- Паёмбар (ﷺ) аввалин шуда ба биҳишт дохил мешаванд.
- Умматони Расулуллоҳ (ﷺ) дар рӯзи қиёмат аввалин шуда пурсида мешаванд.
Манбаъ: асари “Сарвари ду ҷаҳон” – Сайид Муҳаммад Ҳасанӣ
Маълумотро ба дӯстонатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристед.


