Сураи аз-Зориёт Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 4

فَالۡمُقَسِّمٰتِ اَمۡرًا ٤

Фа-л-муқассимати амро. 4.

4. Пас, қасам ба (фариштагон) тақсимкунандагони кор (ризқу рӯзӣ),

Аллоҳ таъоло ба фариштагоне, ки ба тақсими ризқ байни бандагон ва бориши боронҳо масъул карда шудаанд, қасам ёд намудааст.

Бояд гуфт, ки ҳар як фаришта ба амри Аллоҳ таъоло ба иҷрои амале вобаста карда шудааст ва бе ягон саркашию нуқсоне вазифаи худро ба ҷо меорад.

Масалан, ҳазрати Ҷабраил (а) ба расонидани ваҳйи илоҳӣ ба сӯи анбиё (пайғамбарон) масъул аст. Ҳазрати Микоил (а) бошад, ба расонидани ризқу раҳмат, (борону барф) ва ғайра масъул аст. Навохтани сур ҳангоми растохез (қиёмат) ба уҳдаи ҳазрати Исрофил (а) ва қабз кардани (гирифтани) рӯҳ (ҷон) ба ҳазрати Малакулмавт-Азроил (а) вогузор карда шудааст…

Хулоса, ҳар фариштаеро вазифаест.

Хонандаи бароям бениҳоят азизу гиромӣ, пеш аз он ки ба омӯзиши ҷавоби қасам гузарем, мехоҳам такмил ва шарҳи оятҳои якум ва чаҳорумро идома диҳам ва бароятон чанд нуқтаро аз зиндагонӣ ва рафтори ибратманди аҳли салафи солеҳин пешкаш намоям:

Дар тафсири машҳури Ибни Касир «Абӯ Туфайл» ривояте оварда шудааст, ки ҳазрати Алӣ (к) болои минбар баромада нишаст ва ба ҳозирон муроҷиат намуда, гуфт: «Шумо ай мардум, аз оятҳои китоби Аллоҳ ва суннати Расулуллоҳ (с) аз ман суол кунед ва ман ҷавоб гӯям». Дар ин асно Ибни Киво ном инсон аз ҷои худ хеста, пурсид: «Эй амири муъминон, маънои «ваз-Зориёт» чист?». Ҳазрати Алӣ (к) гуфт: «Шамол». Он шахс боз пурсид: «Фал ҳамилат чӣ?» Ҳазрати Алӣ (к) гуфт: «Абр». Ибни Киво пурсид: «Фал ҷарият» чӣ маъно дорад?». Ҳазрати Алӣ (к) гуфт: «Киштӣ-сафина». Ибни Киво боз суол кард: Маънои «фал муқассимот» чист?». Амири муъминон посух дод: «Он фариштаҳост».

Дар он маҷлис Субайғ ибни Асили Тамимӣ ном шахси иғвогар ширкат дошт. Баъдтар ӯ ҳамин суолҳоро ба ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) дод. Ӯ интизори он буд, ки ҳазрати Умар (р) шояд дигар хел ҷавоб диҳад ва инро дастак карда, байни мусалмонон иғвову фитна андозад. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) пай бурд, ки Субайғ мақсади нопок дорад. Ҳазрати Умар (р) барои ин рафтораш ӯро ҷазо дод ва аз суҳбат бо мардум манъ намуд. Аз ин ривоятҳо чунин ба назар мерасад, ки оятҳо то андозае нофаҳмо менамоянд ва инро истифода бурда, фитнагарҳо савол андар савол медиҳанд, то шояд ҷавоби гуногун шунаванду байни олимон ихтилоф андозанд.

Дар ин ҳолат ҷазое, ки ҳазрати Умар (р) ба Субайғ дод, бисёр ба маврид буд. Зеро бар асари шуми фитнагарҳо чӣ нохушиҳое сар намезаданд. Мутаассифона, мебинем, ки мардуми мусалмон дар як диёр зиндагӣ мекунанд, аз як ҳаво нафас мегиранд, ҳамдину ҳаммазҳабанд, ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд, ҳамдигарро сарзаниш мекунанд ва суханҳои пасту баланд мегӯянд. Тарафдори як олим тарафи муқобилро ҳақорату дашном ва таҳқир мекунад.

Охир, таҳқири илму олими роҳи Худо куфр аст! Подоши резонидани хуни ҳамдигар-чӣ?

Муфассирон бар ин ақидаанд, ки ин чаҳор чиз, ки Аллоҳ таъоло бо онҳо қасам ёд кард, нишонаҳои санъату қудрати бемонанди Офаридгоранд. Аллоҳ таъоло бо қасам диққати бандагонро ба онҳо ҷазб намуда, ба баландии мартабаи он чаҳор чиз ишора намудааст. Инчунин Аллоҳ таъоло бо қасам диққати бандагонро ба хабаре, ки чун ҷавоби қасам дар оятҳои панҷум ва шашум меояд, ҷалб намудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)