
Ассалому алайкум, аз Шумо як суол доштам баъди таввалуди кудак мо дар гуши рости ӯ азон ва дар гуши чапи ӯ такбир мегӯем, як равшанӣ ба ин масъала меандохтед.
Ҷавоб:
Ваалайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари азиз.
-Азон гуфтан дар гӯши рости кӯдаки навзод суннат аст бинобар ҳадисе ки имом ҳоким ва имом тирмизӣ аз абӣ рофиъ ривоят кардаанд ки гӯфт:
«Ман Расули Худо алайҳиссаломро дидам ҳангоме ки Фотима Ҳасан ибни Алиро таваллуд кард, дар гӯши ӯ азон гуфт» (ривояти имом Абудовуд ва Тирмизӣ, имом Тирмизӣ гуфтааст ин ҳадис саҳеҳ аст).
-Аммо иқомат гуфтан дар гӯши чапи кӯдак дар ин боб ду ҳадис ворид шудааст агарчи дар санадҳои ин ду заъф вуҷуд дорад аммо ҳадиси боло буда онҳоро тақвият медиҳанду мавриди амал қарор дода мешаванд:
«Аз ибни аббос ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо алайҳиссалом дар гӯши рости Ҳасан писари Алӣ азон ва дар гӯши чапи ӯ иқомат гуфт» (ривояти имом Байҳақӣ)
Пас тибқи ин ривоёт дар гӯши рости кӯдак азон ва дар гӯши чапи он иқомат гуфтан суннат ҳаст.
Валлоҳу аълам.


