Масҳи гардан (дар таҳорат / шарҳи Чоркитоб)

0

Масхи гардан (дар тахорат / шархи Чоркитоб).

тахорат кардан, тарзи тахорат, тахорат килиш, тахорат тартиби, тарзи тахорат кардан бо забони точики


Дар ин масъала бояд чанд нуктаро дониста шавад:

1.Аз се имоми муассисони мазҳаби ҳанафӣ, имомон Абуҳанифа, ва Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасан дар мавриди машруияти масҳи гардан ҳеҷ асаре нест ва дар ҳамин асос дар китобҳои аслии мазҳаб, яъне зоҳири ривоят дар  мавзуи масҳи гардан ҳеҷ зикре нашудааст.

Ба таври мисол Ибни Мозаи Бухорӣ дар “Муҳити Бурҳонӣ” аз набудани зикри масҳи гардан дар китобҳои зоҳири ривоят чунин хабар додааст:

“وفي المحيط البرهاني في الفقه النعماني – 1 / 48: لم يذكر محمد رحمه الله في «الكتاب» مسح الرقبة”،

“Имом Муҳаммад дар китоб, яъне дар “Мабсут” масҳи гарданро зикр накардааст.

Имом Айни дар “Биноя шарҳи “Ҳидоя” дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:

“وفي البناية شرح الهداية – 1 / 219:أما مسح الرقبة، فلم يرد فيه رواية عن أصحابنا المتقدمين، قال في ” شرح الطحاوي “: كان الفقيه أبو جعفر يمسح عنقه اتباعا لما روي أن ابن عمر كان يمسح عنقه”،

“Аммо дар мавриди масҳи гардан аз се имоми аввали мо ҳеҷ ривояте наомадааст, ва  дар “Шарҳи Таҳовӣ” чунин гуфтааст: Фақиҳ Абуҷаъфар ба Абдуллоҳ ибни Умар тақлид мекард ва гарданашро масҳ мекашид”.

  1. Дар машруъияти масҳи гардан баъзе уламои ҳанафӣ ихтилофи назар доранд.Дар ин мавзӯъ Имом Абусаҳли Сарахсӣ дар китоби “Мабсуташ” чунин гуфтааст:

“وفي المبسوط للسرخسي – 1 / 10:  وَلَمْ يَذْكُرْ فِيهِ مَسْحَ الرَّقَبَةِ، وَبَعْضُ مَشَايِخِنَا يَقُولُ إنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَعْمَالِ الْوُضُوءِ وَالْأَصَحُّ أَنَّهُ مُسْتَحْسَنٌ فِي الْوُضُوءِ

“Зикр накардааст, дар он масҳи гарданро ва баъзе машоихи мо ба ин назаранд, ки масҳи гардан аз аҳкоми вузӯ нест, вале назари саҳеҳтар ин аст, ки аз мустаҳаботи вузӯ мебошад”.

Аз ҷиҳати чунин ихтилоф баъзе уламо масҳи гарданро бидъат низ гуфтаанд. Чуноне Имом Камолуддини Ибни Ҳумом мегӯяд:

“وفي فتح القدير للكمال ابن الهمام – 1 / 36: وَقِيلَ مَسْحُ الرَّقَبَةِ أَيْضًا بِدْعَةٌ”،

“Баъзеҳо масҳи гарданро низ бидъат гуфтаанд”.

3.Машруияти масҳи гардан аз хусусиятҳои мазҳаби ҳанафӣ намебошад, балки дар як ривоят назари Имом Аҳмад ва баъзе муқаллидонаш ва назари баъзе уламои маъруфи мазҳаби Имом Шофеъӣ, амсоли имомон Рофеӣ, Бағавӣ, Ғаззолӣ ва дигарон аст.

  1. Аз дидгоҳи баъзе уламои муҳақиқи ғайри ҳанафӣ низ аҳодиси масҳи гардан дар мартабаи ҳасан лиғайриҳи қарор мегиранд.Дар ин мавзӯъ Шавконӣ дар “Найли автор” чунин мегӯяд:

“وفي نيل الأوطار – 1 / 207: قَالَ الْحَافِظُ: وَلَعَلَّ مُسْتَنَدَ الْبَغَوِيّ فِي اسْتِحْبَابِ مَسْحِ الْقَفَا مَا رَوَاهُ أَحْمَدُ وَأَبُو دَاوُد، وَذَكَرَ حَدِيثَ الْبَابِ، وَنَسَبَ حَدِيثَ الْبَابِ ابْنُ سَيِّدِ النَّاسِ فِي شَرْحِ التِّرْمِذِيِّ إلَى الْبَيْهَقِيّ أَيْضًا. قَالَ: وَفِيهِ زِيَادَةٌ حَسَنَةٌ وَهِيَ مَسْحُ الْعُنُقِ. فَانْظُرْ كَيْفَ صَرَّحَ هَذَا الْحَافِظُ بِأَنَّ هَذِهِ الزِّيَادَةَ الْمُتَضَمِّنَةَ لِمَسْحِ الْعُنُقِ حَسَنَةٌ. ثُمَّ قَالَ: قَالَ الْمَقْدِسِيَّ: وَلَيْثٌ مُتَكَلَّمٌ فِيهِ، وَأَجَابَ عَنْ ذَلِكَ بِأَنَّ مُسْلِمًا قَدْ أَخْرَجَ لَهُ”،

“Ҳофиз (дар “Талхиси ҳабир”) мегӯяд: Шояд ҳуҷҷати Имом Бағавӣ дар мустаҳаб гуфтанаш масҳи қафои сарро ривояти имомон Аҳмад ва Абудовуд бошад. Ҳофиз инро зикр карда баъдан ривояти мазкурро овардааст (ва онро заиф ҳукм кардааст). Аҳодиси ин мавзӯъ, яъне дар мавриди масҳи гарданро Ибни Саидинос дар“Шарҳи “Сунани Тирмизӣ”  ба Байҳақӣ нисбат додааст ва дар он чунин афзудааст: Дар ривояти Байҳақӣ зиёдати ҳасан, яъне масҳи гардан омадааст” Пас бингар чигӯна ин ҳофиз, яъне Ибни Саидиннос зиёдати масҳи гарданро сароҳатан ҳасан гуфтааст.

Сипас ироди Мақдасиро овардааст, ки вай гуфтааст: “Ровӣ Лайс мавриди ҷарҳ қарор гирифтааст” ва ин иродро чунин ҷавоб додааст: Имом Муслим аз вай ривоят кардааст ”. Ҳофиз дар “Талхиси ҳабир” ҳадиси мурсали мавқуферо ривоят кардааст,  ки аз дидгоҳи баъзе уламо ҳукми заъифро дорад, вале аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ва Имом Аҳмад дар як ривоят бинобар ҳуҷҷат будани ҳадиси мурсал ҳуҷҷат мебошад ва он ривоят чунин аст:

“وفي نيل الأوطار – 1 / 207 “وفي التلخيص الحبير ط العلمية – 1 / 288: رَوَاهُ أَبُو عُبَيْدٍ فِي كِتَابِ الطُّهُورِ عَنْ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ مَهْدِيٍّ عَنْ الْمَسْعُودِيِّ عَنْ الْقَاسِمِ بْنِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَنْ مُوسَى بْنِ طَلْحَةَ قَالَ:”مَنْ مَسَحَ قَفَاهُ مَعَ رَأْسِهِ وُقِيَ الْغُلَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ”. قُلْتُ: فَيَحْتَمِلُ أَنْ يُقَالَ هَذَا وَإِنْ كَانَ مَوْقُوفًا فَلَهُ حُكْمُ الرَّفْعِ لِأَنَّ هَذَا لَا يُقَالُ مِنْ قِبَلِ الرَّأْيِ فَهُوَعَلَى هَذَا مُرْسَلٌ”.(وفي رواة التهذيبين: الاسم : موسى بن طلحة بن عبيد الله القرشى التيمى أبو عيسى و يقال أبو محمد المدنى ( نزيل الكوفة ، أمه خولة بنت القعقاع بن معبد ) المولد :  يقال فى عهد النبى صلى الله عليه وسلم الطبقة :  2  : من كبار التابعين الوفاة :  103 هـ ( على الصحيح ) بـ الكوفة روى له :  خ م د ت س ق  ( البخاري – مسلم – أبو داود – الترمذي – النسائي – ابن ماجه ) رتبته عند ابن حجر: ثقة جليل رتبته عند الذهبي: ثقة وقورعابد)

“Абуубайд дар китоби “Таҳорат” аз Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ аз Масъудӣ, аз Қосим ибни Абдурраҳмон, аз Мусо ибни Талҳа чунин ривоят кардааст:” Касе пушти сарашро ҳамроҳи сараш масҳ бикашад аз гарданбанд зада шудан фардои қиёмат дар амон мемонад”. Ҳофиз мегӯяд:Эҳтимол дорад, ки гуфта шавад, ки ин ривоят бо вуҷуди мавқуф буданаш ҳукми ҳадиси марфуъро дорад. Зеро чунин хабарро бо раъйи худ дарк карда намешавад, вале ин ҳадис мурсал аст”.

Ҳадиси мазкурро Имом Байҳақӣ аз тариқи Муҷоҳид аз Абдуллоҳ ибни Умар чунин ривоят кардааст:

“وفي السنن الكبرى للبيهقي – 1 / 100: عَنْ مُجَاهِدٍ، عَنِ ابْنِ عُمَرَ ” أَنَّهُ كَانَ إِذَا مَسَحَ رَأْسَهُ مَسَحَ قَفَاهُ مَعَ رَأْسِهِ “. هَذَا مَوْقُوفٌ وَالْمُسْنَدُ فِي إِسْنَادِهِ ضَعْفٌ وَاللهُ أَعْلَمُ”

“Ба ростӣ Абдуллоҳ ибни Умар пушти сарашро ҳамроҳи сараш масҳ бикашид”. Байҳақӣ мегӯяд:Ин ҳадис мавқуф мебошад ва ҳадиси муснадро дар иснодаш заъф аст”.

Аллома Шавконӣ дар “Сели ҷарор” аҳодиси дар мавриди масҳи гардан ривоятшударо чунин натиҷагирӣ мекунад:

“وقال محمد بن علي بن محمد بن عبد الله الشوكاني اليمني (المتوفى: 1250هـ) في السيل الجرار المتدفق على حدائق الأزهار- 1 / 58: قوله:”ومسح الرقبة”.أقول: لم يثبت في ذلك شيء يوصف بالصحة أو الحسن وقد ذكر ابن حجر في التلخيص أحاديث وهي وإن لم تبلغ درجة الاحتجاج بها فقد أفادت أن لذلك أصلا لا كما قال النووي إن مسح الرقبة بدعة وإن حديثه موضوع وقال ابن القيم في الهدى لم يصح عنه في مسح العنق حديث ألبتة انتهى. وهذا مسلم ولكن لا تشترط الصحة في كل ما يصلح للحجية فإن الحسن مما يصلح للحجية وكذلك الأحاديث التي كل حديث فيها ضعيف وكثرة طرقها يوجب لها القوة فتكون من قسم الحسن لغيره”.

“Дар мавриди масҳи гардан ҳеҷ ҳадисе, ки дар мартабаи саҳеҳ ё ҳасан қарор дошта бошад собит нашудааст. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар китоби “Талхис” аҳодисеро зикр кардаанд, ки агар он аҳодис ба дараҷаи мавриди ҳуҷҷат қарор гирифтан нарасида бошанд ҳам, вале далолат мекунанд, ки масҳи гардан асле дорад ва ҳамчуноне Имом Наввавӣ гуфтааст, ки масҳи гардан бидъат буда ва аҳодиси дар мавзуи он ривоятшуда мавзӯъ мебошанд. Ибни Қайим дар китоби “Ҳудо” гуфтааст, ки дар мавриди масҳи гардан аз Пайғамбар (с) ҳеҷ ҳадиси саҳеҳе собит нашудааст ва ин каломи вай дуруст мебошад, вале барои ҳуҷҷат қарор гирифтан ҳадиси саҳеҳ будан шарт нест ва ҳадиси ҳасан низ ҳуҷҷат мебошад. Инчунин аҳодисе, ки ҳама ривоятҳои он заиф мебошанд аз бисёр будани тариқи ривоятҳояш қувват ҳосил мешавад ва дар мартабаи ҳасан лиғайриҳи қарор мегирад”.


Хулосаи мавзӯъ

Аксари уламои ҳанафӣ бо се  далел масҳи гарданро мустаҳаб гуфтаанд:

  1. Ҳадиси марфуи заифи ба ривояти Имом Аҳмад ва Абудовудро аз саҳобӣ Каъб ибни Амри Ямомиро заифи бо ҳадиси мавқуф ва мурсали аз Абдуллоҳ ибни Умар тақвиятшаванда ва дар мартабаи “ҳасан лиғайриҳи” ҳуҷҷат қароргиранда қарор додаанд. Чуноне гузашт чунин як назареро дар ҳасан будани зиёдати масҳи гардан дар ҳадиси мазкурро Шавконӣ аз Ибни Саидиннос низ ривоят кардааст.
  2. Ҳадиси мавқуф ба Абдуллоҳ ибни Умарро дар ҳукми ҳадиси марфуъ қарор додаанд.

3.Ҳадиси заифро аз ҷумлаи аҳодиси андак заифи дар фазоили аъмол мавриди ҳуҷҷат қароргиранда пазируфтаанд. Ин мавзӯъро Имом Абулҳасани Алӣ қорӣ дар “Асрори марфуъа” чунин баён кардааст:

“قال علي بن سلطان محمد، أبو الحسن نور الدين الملا الهروي القاري المتوفى: 1014هـ في “الأسرار المرفوعة في الأخبار الموضوعة” 1 / 315 434 – :”حَدِيثُ مَسْحُ الرَّقَبَةِ أَمَانٌ مِنَ الْغُلِّ”قَالَ النَّوَوِيُّ فِي شَرْحِ الْمُهَذَّبِ إِنَّهُ مَوْضُوعٌ. قُلْتُ:لَكِنْ رَوَاهُ أَبُوعُبَيْدِ الْقَاسِمِ عَنِ الْقَاسِمِ بْنِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَنْ مُوسَى بْنِ طَلْحَةَ قَالَ مَنْ مَسَحَ قَفَاهُ مَعَ رَأْسِهِ وُقِيَ مِنَ الْغُلِّ وَالْحَدِيثُ مَوْقُوفٌ إِلَّا أَنَّهُ فِي الْحُكْمِ مَرْفُوعٌ لِأَنَّ مِثْلَهُ لَا يُقَالُ بِالرَّأْيِ وَيُقَوِّيهِ مَا رُوِيَ مَرْفُوعًا مِنْ مُسْنَدِ الْفُرْدَوْسِ مِنْ حَدِيثِ ابْنِ عُمَرَلَكِنَّ بِسَنَدٍ ضَعِيفٍ وَالضَّعِيفُ يُعْمَلُ بِهِ فِي فَضَائِلِ الْأَعْمَالِ اتِّفَاقًا وَلَذَا قَالَ أَئِمَّتُنَا إِنَّ مَسْحَ الرَّقَبَةِ مُسْتَحَبٌّ أَوْسُنَّةٌ”.

“Ҳадиси “Масҳи рақаба амони аз гарданбанди дузах аст”ро Имом Нававӣ дар “Шарҳи Муҳаззаб” мавзӯъ гуфтааст. Локин Абуубайд ин ҳадисро бо ин лафз ривоят кардааст: Касе пушти сарашро ҳамроҳи сараш масҳ бикашад аз гарданбанди дузах дар амон мемонад”. Ин ҳадиси мавқуф дар ҳукми марфуъ мебошад, зеро чунин хабарро аз пеши худ гуфта намешавад. Ин ривоятро ончи дар “Муснади фирдавс” бо санади заиф ривоят шудааст қувват медиҳад. Зеро бо ҳадиси заиф бо иттифоқ дар фазоили аъмол, яъне дар мустаҳабот амал кардан ҷоиз аст. Аз ҳамин ҷиҳат машоихи мо, яъне имомони баъд аз се имоми аввали ҳанафиҳо омада масҳи гарданро мустаҳаб ё суннат гуфтаанд”.

Мақолаи қаблӣСуннатҳо ва мустаҳабҳои вузӯ / тахорат
Мақолаи баъдӣШиканандаҳои вузӯ / тахорат (бо далелҳо) – Шарҳи Чоркитоб