Падар шумо чанд сомон маош мегиред? (ҳикояи ҷолиб)

0

макрух тахорат, макрухоти тахорат, тахорат кардан точики

Марде аз кор чун ҳарбора дер ва хаста шуда баргашт. Дар остонаи дар фарзанди панҷсолааш  ӯро интизор нишаста буд.

– Падар майлаш аз шумо як чиз пурсам? – гуфт бача.

 – Албатта бачам,  ягон гап шуд?

– Падар шумо чанд сомонӣ маош мегиред?

 – Кори ту набошад – ғазаб карда гуфт падар. – Чӣ кор мекуни фаҳмида?

 – Ҳамин хел худам. Дар як соат чанд сомонӣ кор мекунед?

 – Мм 500. Чӣ буд?

 – Падар барои ман 300 сомонӣ қарз медиҳед?

–  Ту барои пулгирӣ инро аз ман пурсидӣ? Тез рафта дар хонаат хоб кун! – фарёд зада гуфт падар.

Бача оҳиста аз ҷояш бархост ва ба ҳуҷраи худ даромад.

– Кӯдаки дирӯза маоши маро пурсида аз ман пул мепурсад – мегуфт падар худ ба худ дар ҳолати ғазаб. Лек бо гузашти вақт падар ором шуд ва ворид ҳуҷраи писар гардид.

 – Бачам ҳоло хоб накардаӣ?

 – Не падар, ҳамин хел дароз кашидаам.

– Бачам медонӣ имрӯз бисёр монда шуда омадам ва аз сари ҷаҳл туро ранҷондам. Илтимос маро бубахш. Ана ин пулро бошад гир!

– Аҳ, раҳмат падар – хурсандона фарёд зад писар.

 Пулҳоро гирифта дарҳол дар зери болин боз якчанд пулҳои ғиҷимгаштаро низ  гирифта ба онҳо илова кард. Падар ин ҳолатро дида боз ғазабнок гардид. Писар пулҳоро гирифта ҳамаашро якҷоя карда шумурд.

 – Барои чӣ аз ман пул пурсидӣ? Мудоме, ки худат доштаӣ – ғурғуркунон гуфт падар.

 – Барои онки пулҳои ман ками мекунанд. Ана акнун сӯмаи даркорӣ ғун шуд. Падар дар инҷо расо панҷсад сомонӣ аст. Майлаш як соат вақти шуморо харам? Илтимос пагоҳ барвақттар аз кор омада бо мо якҷоя хӯрок хӯред.

Таҳиягар Озод Ҳодизода

Мақолаи қаблӣЧаро аз болои хонаи Каъба парвоз кардан манъ аст? (Бисёр ҷолиб)
Мақолаи баъдӣАзон ва иқомат гуфтан дар гуши кудак