Буи Мухаммад омад (с) – Салавот

0

Наъти паёмбари ислом Муҳаммад (с), ки бо номи “Дар вакти субхгохон, Буи Мухаммад омад” машҳур аст дар ин саҳифа оварда мешавад.  Марҳамат хонед ва ба дустонатон оиди сайти Суи Дониш – www.DONISH.su хабар диҳед.

Салавот бар Мухаммад
Салавот бар Мухаммад

Бӯи Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омад

Дар вақти субҳгоҳон бӯи Муҳаммад омад,
Андар сабоҳи мардон бӯи Муҳаммад омад.

Рафтам ба сӯи бӯстон гулҳо шукуфта дидам,
Аз ҷониби гулистон бӯи Муҳаммад омад.

Ҳар субҳидам бинолам дар хонақоҳу масҷид,
Аз оҳи субҳхезон бӯйи Муҳаммад омад.

Дар мавсими гулу мул, мехонд дӯш булбул,
Аз булбули хушилҳон бӯи Муҳаммад омад.

“Тоҳо” бихону “Ёсин” он гоҳ бигӯй омин,
Аз сураҳои Қур’он буи Муҳаммад омад.

«Ва-ш-шамс» васфи рӯят, «Ва-л-лайл» наъти мӯят,
Аз сураҳои Қуръон бӯйи Муҳаммад омад.

Каррубиёну ғилмон, то осмони тобон,
Аз Аршу Лавҳи Раҳмон бӯйи Муҳаммад омад.

Он ҳашт дар кушода дар интизори раҳмат,
Аз боргоҳи Ризвон бӯйи Муҳаммад омад.

Аввал бикун таҳорат, он гаҳ бикун ибодат,
Аз зикри поки Субҳон бӯйи Муҳаммад омад.

Шукри Худо ҳазорон, чандин ҳазор борон,
Аз мулкати Бадахшон бӯйи Муҳаммад омад.

Аввал бигуфт Муҳаммад: “Ло илоҳа иллаллоҳ”,
Аз зикри исми Раҳмон бӯи Муҳаммад омад.

Тӯфони Карбалоро гарди Ҳусайн номанд,
Аз нолаи имомон бӯи Муҳаммад омад.

Ин ҳашт дар кушодем дар он сарои ҷаннат,
Аз ҳар сарои ҷаннат бӯи Муҳаммад омад.

Имло, бизан ту худро дар сӯҳбати ғарибон,
Аз сӯҳбати ғарибон бӯи Муҳаммад омад.

Наъти Эшони Имлои Бухороӣ


Шояд ин ҳам писандатон ояд:

Маънои Аузубилох ва Бисмилох

Мақолаи қаблӣГуфтугуи телефонии мухочир бо занаш (шеъри ҳаҷвӣ)
Мақолаи баъдӣОё ҳаво вазн дорад?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед