Гуфтугуйи телефонии муҳоҷир бо занаш. Ин ба ҳама муҳоҷирон,ки бори зиндагиро мекашанду ба хона пул мефиристанд, дахл надорад. Барои онҳоест, ки мераванду занҳои калонсолро дар Россия ба занӣ гирифта, дигар ёди зану фарзанди худ намекунанд … Шеъри ҳаҷвӣ аз сайти Суи Дониш – Donish.su, Шеър бо лаҳҷа оварда шудааст, то лаҳҷа ва хусусияти ҳаҷвиаш гум нашавад. Марҳамат хонед >>

ЗАН
Қирут куна Саймурод,
Мора намекунӣ ёд?
Чанд сол шуд намеоӣ,
Худо инсофут надод?
МАРД
Эй занакҷон, Ассалом,
Нагу ту ҳарфҳои хом.
Тез гап зан чӣ мехоҳӣ?
Пулом мешава тамом.
ЗАН
Унҷа чи мефурӯшӣ?
Ё дар ферма говҷушӣ?
Вақте ма пулут пурсам,
Гуш мекунӣ, хомушӣ.
МАРД
Э занак, бинокорум,
Ай ҳамин кор безорум.
Пулмона надодиян,
Дар киса тин надорум.
ЗАН
Бачаҳо калон шудан,
Ҳама мактабхон шудан.
Ба оча ёрирасон,
Як роҳати ҷон шудан.
МАРД
Ана бикун шукрона,
Макун ҳар хел баҳона.
Омаданамро занак,
Имсол Худо медона.
ЗАН
Мардак мегум кам биханд,
Ба ту намешава панд?
Имрӯз миём ё пагаҳ,
То кай ту мекуни фанд?
МАРД
Ҳавои инҷа сард аст,
Дилам ҳам пур аз дард аст.
Касе, ки дурӯғ мега,
Ба Худо, ки номард аст.
ЗАН
Чиба туву ман дорӣ?
Ту лабу даҳан дорӣ?
Хабар омадай инҷа,
Меган унҷа зан дорӣ?
Номи занут Наташа,
Ё Мария, ё Даша?
Худо мегум, ки занта
Хоки сияҳ букаша.
МАРД
Не ман туву ман дорум,
Ростай, инҷа зан дорум.
Инҷа бе зан намеша,
Манам ҷону тан дорум.
Якбор бикун андеша
Охи бе зан намеша.
Иҷорапулӣ қиммат,
Хов кунам ма дар беша?
ЗАН
Инҷо мо гушнаи зор,
Ту боши оғӯши ёр.
Кудако пойи лучанд,
Кори ту унҷа шикор?
МАРД
Ҳама дар ҳамин ҳолай,
Тоҷик бе пару болай.
Ғам нахур эй занакҷон,
Занум – як калонсолай.
Мехрона, мепӯшона,
Надорум ғами хона.
Ба наздики меоям,
Карда ягон баҳона.
ЗАН
Бозори ту дар ҷушай,
Кори ту айшу нушай.
Дар пои бачаҳакот,
Фақат як қоқкалушай.
Духтарот фатта меган,
Куртаву латта меган.
Мардаки ҳамсояро,
Ягон рӯз ота меган!
МАРД
Э занак намо бовар,
Нигаҳ кун хонаву дар.
Имрӯз не пагаҳ миём,
Мо ҳам охи шери нар!
Рои кунам пул хона,
Гуфтум: -Ай саршон мона.
Махкам кардиян охӣ,
“ЗОЛОТАЯ КОРОНА”
Гуфт домоди “Амаким”,
Дамта биги нишин ҷим.
Рои кун бонки миллӣ,
Бо тариқи “Юнестрим”.
ЗАН
Ма намедонум мардак,
Корҳоро накун бардак.
Рои кун сум надорум,
Дар ҷайб як тини зардак.
Не яку ду мекунум,
Худма хушру мекунум.
Агар имсол наоӣ,
Ба Худо шу мекунум!
Бону Саида Мухиддинзода
Инчунин хонед:


