Таърихи “Рекордхои гинес” ё Аввалин китоби “Рекордхои гинес” кай чоп шуд?
Сокини шаҳри Дублин Артур Гиннесс соли 1759 дар назди дарвозаи Сент – Ҷеймс корхонаи хурди пивопазӣ кушод, ки ин корхона дар соли 1833 калонтарин корхонаи Ирландия гардид. Пасон, ширкати Гиннес соҳиби ду заводи калони пивопазии дигар гардида, ширкати калонтаринро ташкил дод.

Соли 1951 ширкати «Вексфорд» зиёфате орост, ки дар он роҳбари ҳамонвақтаи ширкати Гиннес Хю Бивер иштирок дошт. Дар рафти суҳбат байни ҷамъомадагон баҳс дар бораи кадом як парандаи тездав мерафт. Он гоҳ фикре ба сари Хю Бивер омаду қарор дод, ки мебояд китоби махсусе ташкил кард, то ҳамагон тавассути он ба саволҳои худ ҷавоб гиранд. Крис Чэтуэй, собиқ варзишгари рекордсмен ва яке аз саҳмдорони ширкати «Гиннес Парк Ройал», ба Хю Бивер маслиҳат дод, ки барои ташкили чунин як китоби бузург бародарон Норрис ва Росса Макуиртерҳоро вобаста намояд, ки матбаае барои чопи ин китоб омода созанд. Ҷамъоварии матлабҳои ғайриодӣ ва махсус 4 сол давом кард.
Ниҳоят, 27 августи соли 1955 нахустин китоби «Рекордҳои Гиннес» дар ҳаҷми 198 саҳифа дастраси хонандагон гардид. Соли 1984 – ум 50 миллион ва соли 1994 – 75 миллион нусхаи китоб ба фурӯш баромад. Дар оғози ин садсола бошад, 100 миллион нусхаи китоб дастраси хонандагон гардидааст.
Китоби «Рекордҳои Гиннес» дар зиёда аз 40 давлати дунё бо забони англисӣ нашр гардида, ба 37 забони дунё тарҷума шудааст.


