Лоиқ Раҷабов | Лоик Раджабов – биография

0

Лоик Рачабов / Раджабов. Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов дар ин саҳифа >> 

Лоиқ Раҷабов Лоик Рачабов
Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кардааст. Фориғуттаҳсили Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон аст, муҳандиси роҳи оҳан.

Лоиқ Раҷабов, ки қадаш 1 метру 75 сантиметр, вазнаш 70 кило аст, дар мусобиқот бо тахаллуси “Jaguar Paw” ширкат мекунад. Вай (то соли 2020) 20 рақобат анҷом дода, 15 дафъа дастболо шудааст ва дар чор қувваозмоӣ шикаст хӯрдаву якеро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додааст.

Ӯ соли 2019 ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онро нашрияи “ТурСтат”-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.

Соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шуруъ намуд. Дар онҷо соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи муҳорибаҳои омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва бори дувум аст, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ меёбад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Мақолаи қаблӣДил чиҳоро бад мебинад?
Мақолаи баъдӣАҳкоми қасм (адолат байни занҳои мард)