
Бӯсидан ва изҳори меҳру муҳаббат ба кудак ва фарзанд
Бар касе пӯшида нест, ки бӯсидани кӯдак илова бар эҳсоси иртиботи мустаҳкам ва устувор сохтани алоқаи муҳаббат дар байни афроди бузургу хурд, ҳамчунин мӯҷиби таскини шӯридан ва фурӯ нишонидани хашми кӯдак мешавад ва дар таҳрики эҳсосот ва авотифи ӯ низ бисёр муассир мебошад.
Зеро бӯсидан нишонаи раҳмату шафқати қалбӣ нисбат ба кӯдаки дар ҳоли рушд аст ва аз ҷиҳати дигар далели фурӯтании шахси бузург нисбат ба хурд ва намоёнгари тобиши нур дар дили кӯдак мебошад, ба гунае ки нафсу рӯҳи ӯро боз менамояд ва фаъолияту ҳамкории ӯро бо атрофиёнаш бештар месозад.
Оре, бӯсидани кӯдак ва меҳру муҳаббат варзидан ба ӯ суннати собиту ҳамешагии Пайғамбари акрам (с) мебошад. Чунонки дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро бӯсиданд.
Ақраъ ибни Ҳобис гуфт:
«Ман даҳ фарзанд дорам, ҳеҷ як аз ононро набӯсидаам»
-Расули Худо (с) ба ӯ гӯфт:
«Касе, ки ба бандагони Худо раҳм намекунад, Худованд низ ба ӯ раҳм нахоҳад кард» [Бухорӣ ва Муслим]
Саҳобаи бузургвор (р) бо иқтидо намудан ба Расули Худо (с) бо кӯдакони худ шӯхию бозӣ мекарданд ва ба манзилҳои якдигар мерафтанду бо онон шӯхию бозӣ мекарданд.
Абусуфён гуфтааст:
«Назди Муъовия (р) рафтам, бар пушти худ хобида буду рӯи синааш писарбача ва ё духтарбачае буд, ки бо ӯ бозӣ мекард ва суханони ширине мегуфт.
-Ман ба ӯ гуфтам:
«Ин кӯдакро аз рӯи синаат бардор»
-Гуфт: «Шунидаам, ки Расули Худо (с) мефармуданд:
«Касе, ки кӯдак дошта бошад, бояд худро барои ӯ ба сурати кӯдак дароварад (ва бо ӯ бозии кӯдакона кунад)» [ривояти Дайламӣ ва Ибни Асокир]
Умар ибни Хаттоб (р) гуфтааст:
«Лозим аст мард дар байни хонаводааш дар унс, муҳаббат, хушхулқӣ ва шӯхӣ бо фарзандонаш ба монанди кӯдак бошад, аммо ҳар гоҳ он чиро, ки доро мебошад аз ӯ хоста шуд, ба монанди мард бошад»
Бусидан ва изхори мухаббат ба кудак дар Ислом
Омадааст, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз коргузорони худ аломатҳои далолаткунанда бар сангдилӣ нисбат ба фарзандонашро ёфт ва ӯро, аз кор барканор кард.
Чунонки аз Муҳаммад ибни Салом нақл шуда, ки гуфтааст:
«Умар ибни Хаттоб (р) мардеро ба коре таъйин кард. Он мард Умар ибни Хаттоб (р)-ро дид, ки кӯдаки хешро мебӯсад, пас ба ӯ гуфт:
«Оё ту дар ҳоле ки амири мӯъминон мебошӣ, он кӯдакро мебӯсӣ? Агар ман ба ҷои ту мебудам, чунин кореро намекардам»
-Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:
«Раҳму шафқат аз қалби ту бардошта шуда бошад, гуноҳи ман чист? Бегумон, Худованд афроде аз бандагони Худро мавриди раҳмату мағфират қарор медиҳад, ки нисбат бар дигарон раҳму шафқат дошта бошанд»
Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб (р) он мардро аз кор барканор карда гуфт:
«Ту, ки ба фарзанди худ раҳм намекунӣ, пас чӣ гуна ба мардум раҳм мекунӣ?»
[Нақл аз «Канзул-уммол» ва ба ривояти Динаварӣ]
Табиист, ба василаи ин гуна бозию шӯхӣ, сухан гуфтан ва тақлид аз кӯдак аст, ки аз кирдору рафтори Пайғамбар (с) бо кӯдакон пайравӣ мешавад ва ба воситаи отифаи содиқона, меҳру муҳаббати поку холисонаи дур аз ҷафову сангдилӣ, холӣ аз табъиз ва ҳақкушӣ аст, ки рӯҳу равони кӯдак ғизо мегардад.
Шабакаи телеграмии Ҳидояти занон


