Обро мо дар шакли табиӣ дар чашма, баҳру дарёҳо, уқёнусҳо ва кӯлҳо пайдо мекунем. Онҳо аз абрҳои осмон ба воситаи борону барф (боришот) ба замин мерезанд.

Об материяи табиӣ аст. Аз ду намуди газ – гидроген ва оксиген иборат мебошад. Дар ҳеҷ ҷое об истеҳсол карда намешавад. Табиат онро ба мо ройгон медиҳад. Албатта, дар лабараторияҳои кимиёвӣ, обро ҳосил кардан мумкин аст, лекин на ба он миқдоре, ки табиат онро ба мо ато мекунад.
Барои он ки дар лабаратория об ҳосил карда шавад, ду моддаи таркиби он аз гидроген ва оксиген бударо омехта мекунанд ва онҳоро то ҳарорати баландтарин мерасонанд ва об ҳосил мекунанд. Ин равандро синтез меноманд.
Синтез чист? Истехсоли об дар лаборатория


