Шархи мукаддимаи чахорум китоби “Чахор китоб”
Маърифати муаллиф
Дар бораи китоби чаҳоруми “Чаҳор китоб” бояд чанд нуктаро дониста шавад, ки чунин мебошанд:
1- Чаҳорумин китоби “Чаҳор китоб”-ро номаш “Панднома” аст ва муаллифи он яке аз бузургони адабиёти форсу-тоҷик Фаридуддин ибни Абуҳомид, маъруф ба Шайх Аттори Нишопурӣ аст.
2-Шайх Аттор дар соли 537 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 1142 милодӣ таваллуд шудааст ва дар соли 617 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 1220 милодӣ дар сини 80 солагӣ ба ҳисоби ҳиҷрӣ ва 78 солагӣ ба ҳисоби милодӣ ҳангоми қатли оми мардуми Нишопур аз шамшери истилогарони муғул ба шаҳодат расидааст.
3-Шайх Аттор ба шакли маснавӣ чиҳил ҳазор байт ва дувоздаҳ ҳазор рубоъӣ гуфтааст, ки яке аз онҳо китоби “Панднома” –и саршор аз панду насиҳатҳои гуҳарбори муфиду муасир барои ҳамагон аст.
4 – Аз ҷумлаи таълифоташ “Асрорнома”, “Мусибатнома”, “Ҷавоҳируззот”, “Васиятнома”, “Булбулнома”, “Ҳайдарнома”, “Мухторнома” ва ғайра мебошанд.
5- Аз бузургони аҳли тасаввуф ба шумор меравад ва соҳиби дувоздаҳ китоб ва чиҳил рисолаи бо назм таълиф шудааст, ки маъруфтарини онҳо китоби “Мантиқуттайр” аст ва он иборат аз чаҳор ҳазору шашсад байт аст. 6- Мо бо таваккул ва эътимод ба Аллоҳ таоло ва бо хосту ёрӣ ва тавфиқу машияти Ӯ таоло муқаддимаи китоби “Панднома”-ро, ки писандидаи аҳли илму маърифат аст, шарҳ медиҳем.


