Чаро бояд ОИЛА барпо кунем? #3

4

Ин мақолаи сеюм аз силсила мақолаҳо аст, ки ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳем: Чаро бояд издивоҷ кунем? Чаро бояд хонадор шавем ва чаро бояд ОИЛА барпо кунем?

Издивоҷ аз як нуқтаи назар, монанди тиҷорати хеле бузӯрг аст. Хубиаш дар он аст, ки фоидаи зиёде дар ин муомила хобида аст. Аммо хатарҳое ҳам дорад ва мо бояд хеле боэҳтиёту бомулоҳиза бошем, то мабодо фиреб нахӯрему тамоми сармояи ҳаётамонро аз даст надиҳем, яъне хӯшиҳои он дар ҳолати муваффақияту комёбӣ беназир аст ва ба ҳамон андоза, дар ҳоли шикастан, зарарҳои он талху таҳаммулнопазир аст.

Издивоҷ як интихоби бисёр муҳим аст. Агар интихоби оқилона дошта бошем, як неъмати бузӯргу камназире насибамон гаштааст, аммо дар сурати аз рӯи ҳавову ҳавас интихоб намудан, ба бадбахтиву бало рӯ ба рӯ мегардем, ба мусибату фитна дучор мешавем, ки халосӣ аз он бароямон хеле мушкил мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки гуфтаанд: “Интихоби ҳамсар, даре аз биҳишт ё дӯзахро барои инсон мекӯшояд”, ё ҷои дигар гузаштагонамон зикр кардаанд: “Интихоби ҳамсар савдои умр аст.”

Яке аз муҳимтарин интихобҳои одамӣ дар зиндагӣ, интихоби ҳамсар мебошад, зеро бо ин восита ба ташкили хонавода мепардозад ва ин кор дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии ӯ таъсири босазое дорад. Ба қадре интихоби дуруст аҳамият дорад, ки метавонем, саодату хӯшбахтӣ ва нокомиву бадбахтии одамиро низ дар зиндагӣ, ба чигунагии ин интихоб вобаста бидонем.

Оила барпо кардан мисли гулзорест, ки ба чанд қитъа тақсим шуда аст ва ҳар қитъаи он баёнгари бахше аз зиндагии мост. Як бахши он шуру шавқ ва лаззат, як бахши дигар талошу заҳмат, он тарафи дигар оромишу осоиш ва ғайра, аммо вақте кулли маҷмӯъаро бо ҳам бубинем, хоҳем дид, ки издивоҷ, як маҷмӯъаи рушддиҳанда барои шахсияти инсон ва хулоса издивоҷ як маҷмӯъаи инсонсоз мебошад.

10 насиҳати муҳим барои занҳо (хаки шавхар)

Мақолаи қаблӣЧаро оби бахр шур аст?
Мақолаи баъдӣЧаро ноқилҳои электрикиро аз мис месозанд?

4 ШАРҲ

  1. Малумот бештар мешуд мехостам чи тавр намози тахачуд хонем е намози казои малумот медодед

    • Салом. Албатта ба назар мегирем, дӯсти азиз. Ба наздикӣ дар сомона “Тарзи хондани намози таҳаҷҷуд” ва Тарзи хондани намози қазоӣ” мақолаҳо нашр мешаванд.
      Сипос, ки таваҷҷӯҳ намудед.

  2. Сипоси бепоен ба маъмурият ки дар ин сомона бехтарин чизхои хубро бахри худ дарефт намудам.

    • Саломат бошед, дӯсти азиз, Сино! Хушҳолем, ки ба шумо писанд омад. Ба дӯстонатон ҳам тавсия диҳед.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед