Дар якчанд силсила мақолаҳо ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳем: Чаро бояд издивоҷ кунем? Чаро бояд хонадор шавем ва чаро бояд ОИЛА барпо кунем?

Инсонро аз он ҷиҳат “инсон” ном гузоштаанд, ки ниёз ба анису мунис дошта, аз ҳамдамӣ бо дигарон оромиш меёбад. Ҳарчанд аниси ҳақиқӣ ва маҳбуби азалию абадӣ Худованди мутаъол аст, аммо дар ин дунё ҳеҷ чиз ба андозаи ҳамсар, ин ниёзи ҳақиқию муҳими дунёии моро наметавонад, ҷавобгӯ бошад. Агар инсон дар канори ҳамсари воқеъӣ қарор гирад, ба унсу оромиш ва осоиш мерасад ва ин тинҷию оромиш ягон чизи маҷозӣ нест, балки амри ҳақиқӣ мебошад, ки дар асоси фитрату табиати мо тавассути Худованд тарҳрезӣ шудааст. Издивоҷ барои инсони ниёзманд ба мунис ҳамсӯҳбате, дилбардоре барои гиристану холӣ кардани бори ғам, бозӯи пурқуввате барои ҳимояту амният ёфтан дар паноҳи он ва рафъи ниёзҳои ҷинсиро фароҳам месозад.
Оила барпо кардан ба инсон оромиш ва таскини қалб мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷӯди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад, аз ин рӯ зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад.
Издивоҷ гарчӣ бо зарурати бартараф кардани ниёзҳои инсонӣ барпо мешавад, аммо ширинӣ ва давомнокии он, расидан ба умқи ҳадафҳои волои он мебошад, яъне издивоҷ танҳо бартарафсозии ниёзи ҷинсӣ набуда, балки ҳадафу мақсади дигаре низ дорад, аз қабили: ба камолот расидан, аз ҷиҳати маънавӣ бузӯрг шудан, таҷриба андӯхтан ва ғайра.

