Пушидани занон либосҳои кӯтоҳу танг ва нозук!

Яке аз мавридҳои ҳуҷуми душман, тарзи либоспушӣ ва мӯдҳо ва шаклҳои гуногуне аст, ки мутаассифона дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфтааст, либосҳое ки ба иллати кутоҳ, тунук ва ё танг будан, ки аврат ва баданро намепушонад, ҳатто пушидани бисёре аз ин либсҳо дар байни занон ва маҳрамҳо низ ҷоиз нест, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайдо шудани ингуна либосҳо ва пушиши занҳоро пешгӯи карда буданд, Онгуна, ки дар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) омадааст, Ӯ мефармояд:
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:
“Ду гуруҳе аз аҳли дузах ҳастанд ва ман онҳоро надидаам, гурӯҳе, ки шаллоқҳое (чуб ё монанди дубинкаҳои имрӯза) монанди думи гов ба даст доранд ва мардумро бо он мезананд ва (гурӯҳи дуввум) заноне (ҳастанд), ки бо вуҷуди ин ки либос пушидаанд, вале урёнанд, мардонро ба худ моил месозанд ва худ низ ба мардон майл доранд, сарҳояшон (мӯйҳояшон) ҳамчун кӯҳони хамидаи шутури ду кӯҳона аст, ҳаргиз вориди биҳишт нахоҳанд шуд, ва бо вуҷуди ин ки бӯи биҳишт аз масофаи тулоние ба машом мерасад, онон ҳатто бӯи биҳиштро низ бӯй намекашанд”
Ривояти Муслим 3/1680.
Пушидани либосҳое, ки як тарафи он пурра боз аст ва ё ҳамчун моделҳои ғарбӣ аз чандин тараф шикофҳои дароз дорад, ва аз он ҷойҳо пӯсти бадан намоён мегардад, низ дар ин ҳукм дохил аст ва аз тарафи дигар ин навъе аз монанди ба кофирон ва бегонагон аст, ки он низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад, Худовандо моро аз ин гуноҳон дур нигоҳ дор!
Аз ҷумлаи либосҳое ки пӯшиданаш ноҷоиз ва ҳаром аст, либосҳое аст, ки бар он суратҳои зишт ва бад кашида шудааст, монанди суратҳои хонандаҳо, гурӯҳҳои мусиқӣ, шиша (бутилкаи) арақ, суратҳои ҳайвонот, салиб, шиорҳои бунёдҳо ва ҷамъиятҳои баду зишт ва ҷумлаҳои зишту ошиқона ва мухолиф бо шарафу иффат, ки ғолибан бо забонҳои бегона ва хориҷӣ навишта шудааст.
Аз шабакаи Ҳидояти занон


