Нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқӣ, ки дар он ҷо истеҳсол мешавад, тавассути ноқилҳои электирикӣ ба ҷои истифодабарӣ фиристода мешавад.

Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ металҳоро (қабл аз ҳама мис) истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Ғайр аз ин аз мис нахҳои ниҳоят борик ва дарозро ҳосил намудан мумкин аст, бинобар ин онро барои истеҳсоли ноқилҳои фиристандаи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд.
Нахҳои мисин бо моддаи пластикӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо нерӯи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳо истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.


