Хамадон бош. Китоби калони саволу чавобхо. Китоби “Ҳамадон бош!” Шуморо ба олами аҷоиби илм, ба дунёи кшафиёти бузурги ақли инсонӣ, ба ҷаҳони рангини набототу ҳайвонот хоҳад бурд. Шумо аз ҳар боби ин донишнома ба саволҳои бешумори худ ҷавобҳо хоҳед ёфт.

Мо аминем, ки китоби «Ҳамадон бош!» дар инкишоф ёфтани истеъдод ва мукаммалтар гаштани ҷаҳонбинии Шумо мусоидат хоҳад кард. Ва ба чунин сифатҳо ороста будани ҳар яки шуморо вақт тақозо мекунад. Яъне, ҳамаи мо бояд ҳамқадами замон бошем. Мо бояд по ба по бо мардуми сайёра қадам занем. Зеро ин ҳамоҳангиву ин иртиботро Ватани соҳибистиқлоли мо, ва ояндаи миллат талаб дорад. Мо дар оилаи бузурги халқҳои ҷаҳон ҳамон вақт мавқеъ хоҳем ёфт, ки соҳибфарҳанг, соҳиббасират бошем. Сарараро аз носара имтиёз дода тавонем. Барои ба ин кор муваффақ шудан дониши мукаммал мебояд. Он сон ки шоир фармудааст:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Ба забони тоҷикӣ интишор шудани чунин як китоби пурарзиш рӯйдоди муҳим ва сурурбахш аст. Акнун тоҷикбачагон метавонанд бе мушкилӣ дар китоби бо забони модарии худ чопшуда рӯйдодҳои аҷоибу ғароиби илмро дарёбанд.
Инсоният дар давоми ҳазорсолаҳои гузашта зина ба зина ба худ расид, асрори коинотро кашф кард. Агар ба қавли Муҳаммад Иқбол гӯем ҷаҳони Парвардигор офаридаро зеботар сохт:
Ҷаҳон ӯ офарид, ин хубтар сохт,
Магар бо Эзид анбоз аст одам?!
Китобе, ки дар даст доред бо забони испанӣ мураттаб шудааст.
Мутаассифона, мураттибони испанизабон шояд бо сабаби ноогоҳӣ дар ин китоби пурарзиш аз дастовардҳои олимони эронинажод, хусусан тоҷикон, ёд накардаанд.
Ҳол он ки ниёгони бузурги мо Ал-Хоразмӣ, Форобӣ, Закариёӣ Розӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, Ибни Сино, Абдурайҳони Берунӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абулҳасани Насовӣ, Умари Хайём, Ҷамдеши Кошонӣ, Носируддини Тӯсӣ ва даҳҳо нафари дигар дар олами илм кашфиёти нодир кардаанд. Барои исботи ин фикр мехоҳем чанд далел биёварем.
Асосгузори илми алҷабр, яъне алгебра ва офарандаи рақами сифр фарзанди номвари миллати тоҷик Ал-Хоразмӣ буд.
Кимиёшиноси маъруф Абӯбакри Розӣ аввалин шуда исбот кард, ки дар фазо ҷойи холӣ вуҷуд надорад. Инчунин Розӣ яке аз аввалин асосгузорони назарияи мизон ва вазнҳои қиёсӣ дар физикаи амалӣ аст. Ӯ аввалин маротиба исбот кард, ки нури биниш на аз чашм, балки аз моддаҳо падид меояд.
Пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино аввалин бор дар илми физика дар категорияи вақт якҷоя будани модда ва ҳаракати онро ба миён гузошт. Ӯ ҷудоии ҳаракатро аз замону макон рад кард.
Кашф кардан ва тақсимбандии се навъи ҳаракат – арзӣ, касрӣ ва табиӣ ҳам ба Ибни Сино вобаста аст. Абӯалӣ инчунин яке аз асосгузорони мафҳуми импулс ва инертсия дар физика аст.
Аввалин пизишке, ки микробҳоро кашф кард. Ибни Сино 70 навъи доруи ихтироъкардаи Сино имрӯз ҳам обили истифода аст. Карушакл будани замин ва дар атрофи меҳвари худ ва гирди Офтоб давр задани онро аввалин бор фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ муайян карда буд. Берунӣ инчунин аввалин бор ҳисоб кардани масоҳати рӯи замин ва омӯзиши вазни хосро дар физика муайян кард.
Олими тавонои кимиёдон Ҷобир ибни Ҳайёни Тусӣ, ки дар Аврупо бо номи Ҳебер маъруф аст, асосгузори назарияи сулфуру симоб ва пайдоиши филиззот аст. Ӯ аввалин истеҳсолкунандаи кислотаҳои ғайриорганикӣ ва муайянкунандаи мавқеи кислотаи сулфат буд.
Дар қатори садҳо олими тавонои форс-тоҷик Умари Хайём ҳам ҳамчун беназири ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ӯ асосгузори теоремаҳои ғайри евклидӣ дар илми риёзиёт аст. Хайём аввалин шуда исбот кард, ки муодилаҳои дараҷаи сеюм тавассути радикалҳои квадратӣ (ба воситаи паргор ва ҷадвал) ҳал карда намешаванд.
Дақиқтарин тақвими нуҷумиро Умари Хайём сохтааст.
Ғайр аз илмҳои тақиқ олимони бузурги тоҷик дар илмҳои ҳикмат, калом ва шеъру адаб ҳам дастовардҳои бузург доранд. Масалан асосгузори илми сарфу наҳви арабӣ олими форснажод Сибавайх аст.
Ихтироъкунандаи навъҳои хати арабӣ Ибни Муқлаи Шерозӣ ба ҳисоб меравад. Бо боварӣ ва ҳисси баланди ифтихор ин рӯйхатро метавон идома дод. Вале «мушт намунаи хирвор» аст ва ончи зикр кардем, кофист. Шояд дар оянда мураттибони чунин китобҳои зарурӣ комёбиҳои олимони бузурги моро надида намегиранд.
Китоби «Ҳамадон бош!» аз даҳ боб иборат аст. Ва ҳар як бобро метавон оинаи як давраи дигаргунии рӯзгори инсоният ва коинот ҳисоб кард.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дӯстони азиз, гурӯҳи кории сомонаи DONISH.SU | Сӯйи ДОНИШ тасмим гирифт аз ин китоб мақола нашр намояд, ҳар як мавзӯи ин китоб дар бахшҳои гуногун таҳти барчаспи Ҳамадон бош! нашр мешаванд. Метавонед аз инҷо мавзӯҳои ин китобро дарёбед >> Ҳамадон бош!


