Чаро Расулуллоҳ (ﷺ) зани бисёр доштанд?

0
Салавот бар Мухаммад
Салавот бар Мухаммад

Чаро сарварамон Расулуллоҳ (ﷺ) зан бисёр доштанд?

Ҷавоб ба исломситезон, ва муздурони тамаддуни ҷомеъаи башарӣ!

Ҳамон гуна, ки медонем дар Қуръони Карим ба мардони мусалмон тавсия шуда, ки беш аз чаҳор зан ихтиёр накунанд. Вале мебинем, ки издивоҷҳои Расули Худо (ﷺ) беш аз ин адад мебошад. Ҳамин моҷарои муносибро барои исломситезон фароҳам оварда, то дар муқобили Паёмбари Акрам (ﷺ) беадабиҳои мухталиферо матраҳ кунанд.

Қабл аз ҳар чиз бояд бидонем, ки ояи ҳаром будани издивоҷ бо бештар аз чаҳор ҳамсар, дар соли ҳаштуми ҳиҷри нозил шудааст, вале Паёмбар (ﷺ) охирин издивоҷи худро дар соли ҳафтуми ҳиҷри дар Мадина анҷом дода аст. Пас ин ҳукм шомили издивоҷҳои Расули Худо (ﷺ) намешавад.

Мумкин аст касе бигӯяд: чаро баъд аз ин оя онҳоро талоқ надод то чаҳор ҳамсар назди ӯ боқи бимонад ?

Дар посух мегӯем: ҳамон гуна, ки дар сураи Аҳзоб баён шудааст, занони Паёмбар (ﷺ) ихтиёр доштанд, ки назди Паёмбар (ﷺ) боқи бимонанд ё талоқ бигиранд. Ҳамаи онҳо зиндаги бо Паёмбари Акрам (ﷺ) буданро интихоб карданд. Аз ин ҳисоб тибқи ҳамин шароит, ки худ қабул карда буданд модари тамоми мусалмонони ҷаҳон шуданд. Аз ин ба баъд издивоҷи онҳо бо ҳар марди дигаре ҳаром шуд.

Аммо чаро Расули Худо (ﷺ) ин ҳама издивоҷ карданд?

Сарварамон Расулуллоҳ (ﷺ) , ки фарди бузурги башарият барои рисолати ҷаҳони ва пойдор аз ҷониби Аллоҳи Мутаъол буд, воқеъан фалсафаи бештари издивоҷашон чи чизе метавонад бошад?

Ҳикматҳо ва дурандешиҳои бисёре аз ҷониби уламои ислом барои ин кор муаррифи шудааст.

Яке аз маҳкамаҳои писандидатарин бурҳонҳо ин аст, ки издивоҷҳои Расули Худо (ﷺ) сиёси иҷтимоӣ ва Илоҳӣ будаанд. Барои густариши ислом ва тарвиҷи ҳарчи бештар исломи муборак дар тӯли ҳаёти муборакашон анҷом шуданд.

Таваҷҷӯҳ бифармоед!

Сарварамон дар 25- солаги бо ҳазрати Хатиҷа (р) издивоҷ карданд, то соли даҳуме аз паёмбарияш, яъне то синни 50- солаги фақат ва фақат бо эшон зиндаги карданд.
Ҳазрати Хатиҷа (р) замони издивоҷ бо Расули Худо (ﷺ) 40-сол доштанд. Паёмбар (ﷺ) 25-сол аз даврони ширини ҷавонии хешро фақад бо эшон гузарониданд. Яъне то замоне, ки Расули Худо (ﷺ) 50- сола шуданд модарамон Хадиҷа (р) синашон ба 65 солаги расид.

Дар аҷабам аз ин исломситезон ин нуктаро намебинанд, оё як фарди ҳавасрон чунин коре мекунад!?

Аммо бақияи издивоҷҳои Расули Худо (ﷺ) баъд аз фавти Ҳазрати Хадиҷа (р) яъне аз 53-солаи ба баъд анҷом шуданд.

Ба тариқи тавзеҳ, мухтасаран дар мавриди издивоҷҳои сарварамон таваҷҷӯҳ бифармоед:

Модари Муъминон Савда бинти Замъа ибни Қайси Омирии Қурайшӣ!

Баъд аз риҳлати Модарамон Хадиҷаи Кубро (р) сарварамон бо зане ба номи Савда (р) издивоҷ карданд. Савда (р) бевазане буд, ки шавҳари худро дар Ҳабаша аз даст дода буд.

Медонед чаро Савда (р)-ро интихоб кард?

Чун ӯ мусалмон шуда буд, хонавода падараш мушрик буданд, ӯро ба хотири ақидаи тавҳидияш бисёр азият мекарданд. Аз ин ҳисоб издивоҷ карданд, ки то ин мушкилот аз дӯши як зани муваҳҳида бардошта шавад.

Модари Муъминон Ҷувайрия бинти Ҳорис!

Издивоҷ бо Ҷувайрия (р), ки аз қабилаи бани Мусталиқ буд, бо ин пайваст шави, беш аз сад хонавода аз ин қабила ба ислом мушарраф шуданд, ки пуштибонони бисёр қудратманде барои Паёмбар (ﷺ) гаштанд.

Модари Муъминон Умми Ҳабиба, Рамла бинти Аби Суфён!

Издивоҷ бо Умми Ҳабиба (р) духтари Абӯ Суфён сабаб шуд бузургтарин ва қудратмандтарин душмани мусалмонон тутиъаҳои камтаре нисбат ба ислом ва мусалмонон намояд. Чун ин дафъа Паёмбар (ﷺ) домодаш шуда буд.

Модари Муъминон Умми Салама, Ҳинд бинти Аби Умая!

Издивоҷ бо Умми Салама (р), ки шавҳараш дар ҷанги Уҳуд шаҳид шуда буд, дар Мадина ғариб ва бекас буд, сарпарасти чаҳор ятимро бар ӯҳда дошт. (Ангезаи Илоҳӣ)

Модари Муъминон Сафия бинти Ҳай ибни Ахтаб!

Издивоҷ бо Сафия (р), ки бевазан ва каниз буд, шавҳараш дар ҷанги Хайбар кушта шуда буд . Паёмбар (ﷺ) эшонро озод карданд ва бо ӯ издивоҷ намуданд, то бар арзиши иҷтимоии канизон бияфзояд. Дар воқеъ издивоҷ бо модарамон Сафия (р), ки як каниз буд то абад ӯро модари мусалмонони тамоми ҷаҳон кард. (Мубориза бо бардадорӣ!)

Модари Муъминон Зайнаб бинти Ҷаҳш!

Издивоҷ бо Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) ҳамсари талоқ дода шудаи Зайд ибни Ҳориса (р) (ки писархондаи Паёмбар (ﷺ) буд) ва ин издивоҷ ба амри Худованд сурат гирифт то фарҳанги ғалати фарзандхондаги дар байни арабҳо бардошта шавад. Парвардигор ибтидо аз Паёмбар (ﷺ) шурӯъ кард ( як амри ғалати иҷтимоиро решакан кард) .

Модари Муъминон Мория бинти Шамъуни Қибтия!

Издивоҷ бо Морияи Қибтия (р), ки ӯ ҳам як каниз буд, аз тарафи подшоҳи Искандария барои Паёмбар (ﷺ) фиристода шуда буд, ки насабаш аз падар ба Ҳорун (а) бародари Мӯсо (а) ва аз модар ба Самуили Набӣ (а) мерасид.

Модари Муъминон Ҳафса бинти Умар ибни Хаттоб!

Издивоҷ бо Ҳафса (р) духтари Ҳазрати Умар (р), ки шавҳараш дар ҷанги Уҳуд кушта шуда буд.

Модарамон Оиша бинти Абубакр!

Ҳазрати Оиша (р), ки духтари Сайидино Абубакр (р) буд, барои издивоҷ бо эшон далелҳои бисёре зикр шудааст, аммо аз ҳама муҳимтарини онҳо ин аст, ки Модарамон Оиша (р) чун ҳофизаи бисёр қудратманде доштанд аҳодиси бисёр зиёдеро аз Паёмбар (ﷺ) фаро гирифтанд. Баъд аз Паёмбар (ﷺ) 48-сол зинда буданд, ҳамчунин дарёе аз илм буданд. Асҳоб ва мардумро бо суханони Паёмбар (ﷺ) сероб мекарданд.

Модари Муъминон Маймуна бинти Ҳорис!

Издивоҷ бо Маймуна(р) духтари Ҳорис, баъд аз сулҳи Ҳудайбия мусалмонон дар аввалин умрае, ки анҷом доданд фақат чанд рӯз дар ин шаҳр боқи бимонанд, вале дар ин маҳал Паёмбар (ﷺ) ҳиссиёташ мехост бештар бимонад, то дар қалби мардуми Макка нуфуз кунад. Аз ин ҳисоб Маймуна(р)-ро, ки зани 51 – сола буд, ду шавҳари худро қаблан аз даст дода буд, хостгори намуд. Маймуна (р) аз як тараф хоҳарзани Аббос (р) амуи Паёмбар (ﷺ) буд аз тарафи дигар аммаи Холид ибни Валид (р) сардори бузурги Қурайш буд. (Маймуна (р) Холидро ҳамчун фарзанди худ бузург карда буд) издивоҷи Паёмбар (ﷺ) бо Маймуна (р) бисёр сарнавиштсоз буд.

Модари Муъминон Райҳона бинти Зайд!

Издивоҷ бо Райҳона (р), ӯ як каниз аз қабилаи бани Қурайза буд. Паёмбар (ﷺ) ӯро озод намуд, баъд аз муддате мусалмон шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи ҳамаи муаррихон¹ (Воқидӣ, Табарӣ, ибни Ҳишом) Ҳазрати Расули Худо (ﷺ) ба ӯ пешниҳоди издивоҷ дод, ӯ худ қабул кард ва издивоҷ намуданд. Мухолифон ин издивоҷро бисёр бузург нишон медиҳанд, дар ҳоле ки Паёмбар (ﷺ) як канизи яҳудиро ба мартабаи модари муъминон расонид. Ин ҳам намунаи сареҳи зиндасози мақоми бардаҳо мебошад.

Нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки баъд аз қудрат гирифтани ислом, Расули Худо (ﷺ) дигар ҳеҷ издивоҷе анҷом надоданд.

Дар ҳоле, ки як фарди хушгузарон агар қудрат дар даст дошта бошад ниҳояти истифодаро аз фурсати пешомада мекунад. Инчунин афроди ҳавасбоз зеботарин занонро ихтиёр мекунанд. Дар ҳоле, ки баррасӣ кардем, барои мо мушаххас шуд, ки издивоҷҳои Расули Худо (ﷺ) бо чи касоне будааст! (Бева ва каниз)

Масъалаи дигар дар ин маврид!

Порае аз исломситезон густохиеро то онҷо пеш мебаранд, ки мегӯянд: Расулуллоҳ (ﷺ) ба робитаи ҷинси бо кӯдаки ҳамчун Оиша (р) 9 – сола кудаки хурдсолро интихоб намудаанд.

Дар посух мегӯем:

Гарчанде дар ривоятҳои саҳеҳ ки дар китобҳои ҳадис омадааст синни Модарамон Оиша (р)-ро 9 – сола зикр мекунад ҳангоми издивоҷ бо Сарварамон Расулуллоҳ (ﷺ), аммо ба таври мухтасар ба ин масъала мепардозем!

Манбеъи торихӣ вуҷуд дорад, ки Оиша (р) байни 15 ва 20 сол син доштааст, ва ба ҳадис марбут (ки Оиша (р)-ро 9-сола муаррифи карда) ишколоте ворид аст, мулоҳиза фармоед:

Ҳишом ибни Урва ровии ҳадис пас аз Ҳафтоду як соли зиндаги дар Мадина маҳалли сукунати худро ба Ироқ тағйир медиҳад. Муаллифи Таҳзиб-ут-Таҳзиб, ки китобе аст дар «Илми Риҷол» мӯътақид аст он бахш аз ривоятҳои Ҳишом ибни Урва, ки аз тариқи аҳли Ироқ ривоят шудаанд қобили пазириш нестанд.

Ҳамчунин бар асоси ривоятҳои мӯътабари торихи «Асмоа» хоҳари бузурги Оиша (р) даҳ сол аз ӯ бузургтар буда аст. Китобҳои бисёр бузурги торихи гузориш медиҳанд, ки Асмоа (р) дар соли 73 – ҳиҷрӣ ба умри сад солаги ҳаёти фониро падруд гуфтаанд.²

Агар Асмоа (р) дар соли 73-ҳиҷрӣ сад сола буда бошад пас умри ӯ ҳангоми ҳиҷрат бояд 27 ва ё 28 сол бошад. Бар асоси ин ривояти торихи агар умри Асмоа(р) дар вақти ҳиҷрат 27-28 сола бошад, Оиша (р) дар он замон бояд 17-18 сола бошад. Агар Оиша (р) дар соли дуввум ё севвуми ҳиҷрӣ издивоҷ намуда бошад, бояд умри эшон дар вақти издивоҷ 18 ё 20 – сола бошад.

Далели дигар ин аст, ки Ибни Ҳишом аз аввалин нигорандагони сирати Паёмбар (ﷺ) мӯътақид аст, ки Оиша (р) аз нахустин пайравони Паёмбар (ﷺ) балки аз касоне аст, ки дар солҳои нахусти ислом, имон оварда будагон мебошад.³

Барои пазириши як дин, бояд кӯдаке битавонад роҳ биравад ва ҳарф бизанад. Пас агар Оиша (р) дар соли аввали биъсати Паёмбар (ﷺ) се ва ё панҷ сола буда бошад, пас ҳангоми издивоҷ бояд ҳадди ақал 16 ва ё 17 сола бошад.

Ибни Ҳишом мегӯяд: Оиша (р) баъд аз 18 – нафар имон оварда аст.⁴ Бар мабнои ин сухани ибни Ҳишом, синни Оиша (р) ҳангоми издивоҷ бояд ҳудуди шонздаҳ то бист сол будааст.

Нуктаи дигар:

Агар фарз кардем ишколоти торихӣ, ки дар боло зикр шуд пазируфта нашавад мегӯем:

Як духтари 9 – солаи араб бо он шароити ҷуғрофие ки дошта аст, дигар кӯдак набуда, як духтари ҷавон маҳсуб мешавад. Муқоиса кардани духтари 9 – солаи саҳрои Ҳиҷоз дар 1400 – сол пеш бо он хурок ва шароит бо як духтари 9 – солаи кишварамон муқоиса кардан бисёр хато мебошад.

Далоили дигар:

Агар далели боло (шароити гармии он давраи Ҳиҷозро напазиранд) боз ҳам ба мақсуди худ намерасанд. Зеро мушкили дигаре ба даъвои ин исломситезон ворид аст:

Як фарди ҳавасрон, мутамоил ба кӯдакон чаро фақат ба як кудак кифоя мекунад, ҳама медонад, ки ниёзи ҷинсӣ ба ҳадди хосе маҳдуд намешавад ва марз надорад. Ҷудо аз он агар қудрат дар ихтиёр бошад, ки тамоми шароит барои шаҳватронӣ муҳайё аст, чаро бо каси дигар аз ин сину сол издивоҷ накарданд?

Далели севвум (чаро фақат як кудак агар шаҳватрон буда аст) – ро ҳам напазиранд, ба онҳо мегӯем: Чаро душманони сарсахти он замон бо вуҷуди ин ҳама нафрат ва душманӣ, ин ишколро ба Расулуллоҳ (ﷺ) ворид накарданд?

Мушаххас аст, ки фарҳанг ва шароити он замон бо ин амр мушкиле надошта аст.

Далели чаҳорум (сукути душманони нахустини ислом) – ро ҳам напазиранд ба онҳо мегӯем: Ба шумо чи марбут аст?

Магар дам аз демокросӣ ва озодии фардӣ ва иҷтимоӣ намезанед?

Замоне, ки падар (Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) ) розӣ, арӯс (Ҳазрати Оиша (р) ) розӣ, домод Расулуллоҳ (ﷺ) розӣ, Оишаи Сиддиқа (р) 47 – сол баъд аз Паёмбар (ﷺ) зинда буданд, ҳатто як санад ҳам вуҷуд надорад, ки аз ин пайвасти заношӯӣ эъломи норизоятӣ карда бошад, дигар ба шумо чӣ марбут аст?!

Дар поён мехоҳам бигӯям: Исломситезон ба ҳар даре бикубанд, ҳар дастовезеро барои худ омода созанд, наметавонанд дурахшиш, азамат ва бузургии ин марди баргузидаи Худовандро камранг кунанд.

Марде, ки лаёқати лақаби “Раҳмату лил-Оламин”- ро аз ҷониби Аллоҳи Мутаъол доро гашта аст; Ҳаргиз ва ҳаргиз ба дасти муздурон ва тутиасифатони бозори тамаддуни башарӣ зери суол нахоҳад рафт.

Чароғеро, ки Эзид барфурузад,
Касе пуфаш кунад ришаш бисузад.


  1. Торихи Табарӣ Тарҷумаи Абулқосим Поянда: Ҷил.3, саҳ.1091.
  2. Сираи ибни Ҳишом; Ҷил.3, Саҳ. 207. Мағозии Воқидӣ; Ҷил. 1, Саҳ. 520.
  3. Ибни Касир; Ал-Бидоя Ван-Ниҳоя: Ҷил.8, Саҳ.372.
  4. Ибни Ҳишом, Сираи Набавӣ; Ҷил.1, Саҳ. 227-234.
  5. Ибни Ҳишом; Ҷил. 1, Саҳ. 271.

Чаро Паёмбар (с) 12 зан дошт, мусулмонон 4 зан?

35 далел ва маълумотҳои ҷолиб аз Паёмбар Муҳаммад (ﷺ)

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣ5 донишгоҳи бузургтарини ҷаҳон
Мақолаи баъдӣШеър дар бораи Забони точики