Таълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 1-10

0

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 1-10). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 1-10).

Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух - саволхои 1-10)
Расм қисман бо ҳушвора сохта шудааст

Бахш‌и аввал‌
‌Қисмати‌ аввал: Аҳком‌

Пурсиш‌и 1: Ту кистӣ?

Посух: Ман‌ мусалмонам.


Пурсиш‌и 2: Номи‌ дини мусалмонон чист?

Посух: Ислом.


Пурсиши ‌3: Ислом‌ ба‌ мо чӣ‌ ме‌омӯзад?

Посух: Ислом‌ инро меомӯзад, ки‌ Аллоҳ ягона‌ аст‌ ва фақат‌ Ӯ шоиста‌ ва сазовори бандагӣ‌ аст‌; Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) бандаи‌ Худо ва фиристодаи‌ Ӯст‌; Қуръони‌ маҷид китоб‌ ва қонуни‌ илоҳӣ‌ аст‌; Ислом‌ дини‌ барҳақ‌ ва рост‌ аст. Ислом‌ тамоми‌ хубиҳои‌ дину дунёро ба‌ мо меомӯзад.


Пурсиши ‌4: Калимаи‌ «Тайиба»‌ чист?

Посух: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун Расулуллоҳ».

Тарҷума: «Ҳеҷ‌ маъбуде‌ ба‌ ҷуз Худованд сазовори ибодат‌ нест. Муҳаммад (с) фиристодаи‌ «Аллоҳ» аст». Инро калимаи‌ тавҳид низ гӯянд.


Пурсиши ‌5: Калимаи‌ «Шаҳодат»‌ кадом‌ аст?

Посух: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».

Тарҷума: «Гувоҳӣ‌ медиҳам‌, ки‌ ба ҷуз Аллоҳ каси‌ дигаре шоистаи‌ ибодат‌ нества гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ Ҳазрати‌ Муҳаммад бандаи‌ Худо ва расули‌ Ӯст».


Пурсиши ‌6: Имони‌ муҷмал‌ кадом‌ аст?

Посух: «Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳи ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳи».

Тарҷума: «Ба‌ зоти‌ ягонаи‌ Худованд имон‌ овардам,‌ чунонки‌ бо номҳо ва сифоти‌ хеш‌ мавсум‌ аст‌ ва тамоми аҳкому дастурҳои‌ Ӯро пазируфтам».


Пурсиши ‌7: Имони‌ муфассал‌ кадом‌ аст?

Посух: «Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ва-л-явми-л-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло ва-л-баъси баъда-л-мавт».

Тарҷума: «Ба‌ Худо ва фариштагон‌ ва китобҳои‌ осмонӣ‌ ва паёмбарон‌ ва рӯзи қиёмат‌ имон‌ овардам. Ба он чи‌ дар тақдир аз хубиҳо ва бадиҳо навишта‌ шудааст‌ ва ба зиндагии‌ пас‌ аз марг‌ низ имон‌ овардам».


Пурсиши ‌8: Шуморо кӣ офарида‌ ва ба‌ вуҷуд овардааст?

Посух: Моро ва падарону аҷдоди моро, замину осмон‌ ва тамоми‌ махлуқотро Худованди мутаъол‌ офаридааст.


Пурсиши ‌9: Худованд дунёро аз чӣ‌ чизе‌ халқ‌ кардааст?

Посух: Бо қудрат‌ ва дастури хеш‌ офаридааст.


Пурсиши ‌10: Касонеро,‌ ки‌ Худоро қабул‌ надоранд, чӣ‌ ме‌гӯянд?

Посух: Онҳоро «кофир» ме‌гӯянд.


Барчаспи силсиламақолаҳо

Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ”

Давом дорад …

Мақолаи қаблӣТафакури феминизм (Феминизм чист?)
Мақолаи баъдӣШоҳбайтҳо #1