5 донишгоҳи бузургтарини ҷаҳон

2

Ҷомеаи имрӯзаро бидуни илму маърифат тасаввур кардан ғайри имкон аст.  Сутуни асосии пойдевории ҳар як давлатро маҳз соҳаи маориф ташкил медиҳад. Имрӯзҳо масъалаи мактабу маориф низ яке аз масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Қариб дар тамоми давлатҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон бунёд ёфтаанд. Донишгоҳҳое ҳастанд, ки дар он ҷо аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон хонандагон такмили илм карда истодаанд. Дар ин ҷо мо мехоҳем Шуморо бо 5 донишгоҳи бузургтарин ва серхонандатарини ҷаҳон оншо намоем:


Донишгоҳи «Индира Ганди»-и Ҳиндустон яке аз макони бузургтарини илму маърифат дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Ин донишгоҳи бузург соли 1985 таъсис ёфта,  на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар 36 давлати ҷаҳон филиалҳои худро дорад. Дар ин донишгоҳ қариб 3,5 то 4 млн донишҷӯ таҳсил мекунад.


Донишгоҳи миллии Бангладеш – дуюмин донишгоҳи калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки соли 1992 бунёд ёфтааст. Дар ин донишгоҳ зиёда аз 30 факултет мавҷуд аст. Шумораи донишҷӯёни ин донишгоҳ 2 млн. 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин муассиса низ қариб аз аксарияти давлатҳо донишҷӯён такмили илми хеш менамоянд. 


Донишгоҳи Анадолу. Дар мавқеи 3-юми рӯйхат  донишгоҳи Анадолуи Туркия қарор дорад. Ин донишгоҳ соли 1958 бунёд ёфтааст. Дар солҳои авали пайдоиш ҳамагӣ дорои 2 факултет буд. Айни ҳол дар ин ҷо ба ғайр аз факултетҳо зиёда аз 25 марказҳои тадқиқотӣ амал мекунанд. Дар донишгоҳ 2 млн  донишҷӯ илм меомӯзад.


Донишгоҳи исломии Азад. Мавқеи чорум насиби донишгоҳи исломии Азади Эрон гардидааст. Ин донишгоҳ дар шаҳри Теҳрон ҷойгир буда, онро соли 1982 Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ яке аз шахсиятҳое, ки созандаи Ҷумҳурии исломии Эрон  низ мебошад, бунёд кардааст. Даромади солонаи ин донишгоҳ 3 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Зиёда аз 70 ҳазор омӯзгор ба 1 млн. 700 ҳазор донишҷӯи  ин донишгоҳ таълим медиҳад.


Яке аз донишгоҳҳои бонуфӯзи ҷаҳон ки дар мавқеи 5-уми рӯйхат  ҷойгир аст, ин донишгоҳи Аллома Иқбол мебошад, ки дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Покистон қомат афрохтааст. Ин донишгоҳ соли 1974 таъсис ёта аст ва дар инҷо 1 млн. 300 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Дар солҳои авали таъсис  дар Осиё ин ягона  донишгоҳе, ки дорои  шуъбаи ғоибона буд, ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо ба ғайр аз факултет инчунин марказҳои тадқиқотӣ низ амал мекунад.


Донишгоххои бузурги чахон, донишгохи байналилали, донишгохи хоричи, дониш су, суйи дониш.

Мақолаи қаблӣИди Рамазон муборак! Иди Фитр – Табрикнома
Мақолаи баъдӣЧаро Расулуллоҳ (ﷺ) зани бисёр доштанд?

2 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед