Дар баёни Чил фариза (бо маъноҳояшон)

0

Дар ин мақола тамоми фарзҳои Ислом оварда мешаванд. Лутфан дар паҳн намудани маълумот саҳмгузор бошед ва мақоларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамрасонӣ (поделиться) кунед.


Ислом, коран куръон

ДАР БАЁНИ ЧИҲИЛ ФАРЗ

Эй бародар аз масоил чил фариза ёд дор,
То биҳишти адъ ёбӣ, андар он рӯзи шумор.

Ҳафт имон, панҷ ислом, он ду шаш андар намоз,
Се ба ғуслу дар вузуву дар таяммум чор-чор.

Дуи дигар: амри маъруф асту наҳйи мункар аст,
Баъд аз он ҳайзу нифосу илм, эй садри кибор .


ДАР ИСЛОМ ПАНҶ ФАРЗ (РУКН) АСТ

1. Имон («Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулулуллоҳ»), гуфта ба забон иқрор ва ба дил тасдиқ кардан аст.

2. Намоз (дар шабонрӯзӣ панҷ вақт намозро бо дарёфти вақташ комилан адо намудан).

3. Закот (дар сурати ба нисоб расидани мол аз чиҳил як ҳиссаи онро ба шахсони ҳақдор додан).

4. Рӯза (рӯзаи моҳи шарифи Рамазон доштан).

5. Ҳаҷ (дар сурати тобу тавон доштан як бор маконҳои хосро: Байтуллоҳ, Арафот, Муздалифа, Мино, Ҷамарот зиёрат намудан ва амалҳои ҳаҷро иҷро намудан)


ДАР ИМОН ҲАФТ ФАРЗ АСТ

6. Имон овардан ба Аллоҳ таоло.
7. Имон овардан ба фариштагон.
8. Имон овардан ба китобҳои ӯ.
9. Имон овардан ба пайғамбарони ӯ.
10. Имон овардан ба рӯзи қиёмат.
11. Имон овардан ба қадар: ҳама тақдири некӣ ва бадӣ аз Худои азза ва ҷалла аст.
12. Имон овардан ба баъс: зинда гардонидан баъд аз миронидан.


ДАР НАМОЗ ДУВОЗДАҲ ФАРЗ АСТ:

Фарзҳои берун аз намоз:

13. Тани пок (пок будан аз ҳадас (бетаҳорати)-и хурд ва бузург, яъне аз бевузӯгӣ ва аз ҷанобату ҳайзу нифос).

14. Ҷомаи пок.

15. Ҷои пок.

16. Истиқболи қибла (рӯ ба сӯи қибла истодан).

17. Шинохтани вақт (ҳар намозе дар вақти худаш адо намудан).

18. Ният (дохили ҳар намоз шудан бо нийят).

Фарзҳои дохили намоз:

19. Такбири таҳрима (бо гуфтани «Аллоҳу акбар» дохили намоз шудан).

20. Қиём (рост истодан).

21. Қироат кардан (яъне Қур’он хондан дар ду ракъати намози фарз ва тамоми ракъатҳои дигар намозҳо).

22. Рукӯъ.

23. Суҷуд.

24. Қаъдаи охир (ба миқдори хондани ташаҳҳуд).


ДАР ТАҲОРАТ ЧАҲОР ФАРЗ АСТ

25. Шустани рӯй (аз дамидани мӯи пешонӣ то охири манаҳ ва аз ин нармии гӯш то ба он намии гӯш).

26. Шустани дастҳо (аз сарангӯшт то оринҷҳо).

27. Масҳи чаҳоряк ҳиссаи сар.

28. Шустани пойҳо то шитолинг (аз сари ангуштон то буҷулакҳо).


ДАР ҒУСЛ СЕ ФАРЗ АСТ

29. Шустани даҳон ғар-ғара (мазмаза).
30. Кашидани об дар бинӣ ва шустани он (истиншоқ).
31. Шустани тамоми бадан.


ДАР ТАЯММУМ ЧАҲОР ФАРЗ АСТ

32. Ният, яъне ният кардани покшавӣ.
33. Хоки пок (дарёфтан).
34. Кафҳоро бар хоки пок задан ва масҳ кашидани (молидан) тамоми рӯй.
35. Як зарби дигар задан аз барои ҳар ду даст бо оринҷҳо.


ДАР БОБИ МАЪРИФАТӢ-ТАРБИЯВӢ

36. Талаб кардани илм.
37. Амри маъруф (даъват ба накӯӣ)
38. Наҳйи мункар (аз амалҳои шар канора ҷустан).
39. Донистани аҳкоме, ки ҳовии ҳайзу нифос аст.
40. Бо роҳи ҳалол касб кардани (ёфтани) ризқ.

Мақолаи қаблӣЯкуминҳо дар ислом (маълумоти ҷолиб)
Мақолаи баъдӣПадари таърих Ҳеродот дар бораи форсҳо