
Дар як оила ҷавоне бо хӯю хислати баде тарбия меёфт. Ӯ тундмиҷоз ва дағал буд. Рӯзе падараш ба ӯ халтаи пур аз мехро медиҳаду мегӯяд:
«Ҳар боре, ки ғазаби худро дошта наметавонӣ, ба сутуни хона якто мех зан!».
Рӯзи якум дар сутуни девор чандто мех зад. Оҳиста – оҳиста ӯ худдорӣ намуда, ҳисоби мехҳоро камтар кард. Писар ба хулосае омад, ки қаҳру ғазаби худро дошта тавонистан, беҳ аз мех ба сутун задан аст.
Падар, ки ин ҳамаро мушоҳида мекард, ба ӯ гуфт: «Аз ин пас, ҳар дафъае, ки худдорӣ менамоӣ, аз сутун якто мехро бикан!»
Рӯзҳо гузаштанд. Ба назди падар омаду гуфт, ки дар сутун мех намондааст. Он гоҳ падар аз дасташ гирифт ва пеши сутун бурда гуфт:
– Корат бад нест, вале мебинӣ, ки чӣ қадар ковокиҳо пайдо шуд дар сутун? Ин сутун намуди пештараашро гирифта наметавонад. Ҳангоми муомилаи дурушт бо одам дар дили ӯ ҳам ҳамин хел захмҳо мемонанд, ки табобаташон маҳол аст.

