Уммати ӯ дӯстдори ваем … (Шарҳи Чоркитоб)

0

Уммати ӯ дӯстдори ваем,
Дӯстдори чаҳорёри ваем.


БАЁНИ МАЪНО

Мо уммат, яъне мо аз ҷамоъати инсонҳое мебошем, ки бо номи “Уммати Муҳаммад” (с) шинохта мешавем ва пешвои худ Муҳаммад (с)-ро дӯст медорем ва бо муҳаббату ихлос ва бидуни риё ва худнамоӣ аз вай пайравӣ мекунем.

Инчунин чаҳорёри маъруфи вай ҳазрати Абубакру Умар ва Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум ва бақияи саҳобагонашро дӯст медорем.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

1- Агар пурсанд, ки уммати Муҳамад (с) будан ва пайравӣ кардану  дӯст доштан вай чӣ манфиатҳо дорад?

Ҷавоб мегӯем, ки барои мо ягона василаи дурусти дар ду олам саъодатманд гардидан ва комёб шудан аст ва манфиатҳои бешуморе дорад, ки баъзеи он манфиатҳо чунин мебошанд:

1-Пайравӣ кардан аз Муҳҳаммад (с) барои мо ягона сабаби касби ризо ва муҳҳабати Аллоҳ таоло ва мушарраф шудан ба фазлу раҳмати Ӯ таоло ва дар асари он наҷот ёфтан аз азоби дузах ва даромадан ба биҳишт мебошад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 31 сураи “Оли Имрон” Аллоҳ таоло ба  Муҳҳаммад (с) чунин дастур додааст:

{ قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ} (آل عمران: 31)

“Бигу (ба мардум):Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ бикунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшад. Ва Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст”.

2-Бо дӯст доштани Муҳаммад (с) имони кас, имони дурусту комил мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин хабар додааст:

عَنْ أَنَسٍ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ، حَتَّى أَكُونَ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْ وَالِدِهِ وَوَلَدِهِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ» (كذا في صحيح البخاري -1/ 12)

“Имони ҳеҷ кадоми шумо ба таври комил дуруст намешавад, магар дуруст мешавад дар сурате,  ки ман барояш аз падару модараш ва фарзандаш ва аз тамоми мардум маҳбубтар бошам”.

3- Дӯст доштани Аллоҳ ва расулаш боиси чашидани маззаи ҳаловат ва ширинии имон аст.  Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин хабар додааст

 عَنْ أَنَسٍ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ” ثَلاَثٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ وَجَدَ حَلاَوَةَ الإِيمَانِ: أَنْ يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا، وَأَنْ يُحِبَّ المَرْءَ لاَ يُحِبُّهُ إِلَّا لِلَّهِ، وَأَنْ يَكْرَهَ أَنْ يَعُودَ فِي الكُفْرِ كَمَا يَكْرَهُ أَنْ يُقْذَفَ فِي النَّار”.  (كذا في صحيح البخاري 1/ 12)  

“Се чиз дар касе ёфт шаванд ҳаловати имонро мечашад: 1.Аллоҳ ва Расулашро аз ғайрашон бештар дӯст бидорад. 2. Касеро дӯст медорад аз барои дарёфти ризои Аллоҳ дӯст бидорад, на аз ҷиҳати манфиати дунявӣ. 3.Баргаштани ба куфрро мисли афтидан дар оташ бад бубинад.”

2- Агар пурсанд, ки Аллоҳ таоло Пайғамбар (с)-ро аз дӯст доштани умматаш вайро хабардор карда аст ва кадом тоифаи умматаш вайро бештар дӯст медоранд?

Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” дар яке аз хабарҳои ғайбе, ки Аллоҳ таоло ба вай хабар кардааст, Пайғамбар (с) онро ба мо чунин баён кардааст:

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مِنْ أَشَدِّ أُمَّتِي لِي حُبًّا، نَاسٌ يَكُونُونَ بَعْدِي، يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ رَآنِي بِأَهْلِهِ وَمَالِهِ»(كذا في صحيح مسلم – 2178 )

“Аз ҷумлаи умматам касоне маро бештар дӯст медоранд, ки баъди вафотам ба дунё меоянд ва ҳар як кадомаш дар ивази дидани ман, омодааст зану фарзанд ва сарвату молашро фидо бикунад”.

3- Агар пурсанд, ки муроди муаллиф аз ин гуфтааш: “Дӯстдори чаҳорёри ваем” чист?

Ҷавоб мегӯем, ки муроди муаллиф дар инҷо се чиз буда метавонад:

1-Зикри ҷузъ ва иродаи кул, яъне зикри дӯст доштани чаҳорёри маъруфи Пайғамбар (с), ки сарварони саҳобагонанд ва эълони дӯст доштани ҳамаи саҳобагони киром разияллоҳу анҳум.  Зеро дар чандин оятҳои Қуръони карим ва аз ҷумла дар ояти 100 сураи “Тавба” Аллоҳ таоло розӣ будани худашро аз ҳамаи саҳобагон эълон кардааст ва ба таври мушаххас номи ҳеҷ кадомашро набурдааст. Чуноне мефармояд:

{وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ } (التوبة: 100)

“Ва пешгомони нахустини аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне, ки ба таври наку аз онон пайравӣ кардаанд ва роҳи ишонро ба хӯбӣ паймудаанд, Аллоҳ аз онон хушнуд аст ва онон аз Парвардигорашон хушнуд мебошанд.Аллоҳ барояшон боғҳоеро омода кардааст, ки аз зерашон наҳрҳо ҷорӣ мебошанд ва дар онҷо ҳамеша ҷовидон мемонанд. Ин комёбии бузург аст”.

2-Баёни фазилат ва бартарии ин чаҳор саҳобии маъруф ба чаҳорёр бар бақияи асҳоби киром дар даврони ҳаёти Пайғамбар (с). Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар разиялоҳу анҳумо чунин гуфтааст:

“عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: «كُنَّا نُخَيِّرُ بَيْنَ النَّاسِ فِي زَمَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَنُخَيِّرُ أَبَا بَكْرٍ، ثُمَّ عُمَرَ بْنَ الخَطَّابِ، ثُمَّ عُثْمَانَ بْنَ عَفَّانَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ”. (كذا في صحيح البخاري -5/ 4 3655 – )

“Дар даврони ҳаёти Пайғамбар (с) мо саҳобагон дар мавриди кадом саҳобӣ беҳтарин уммат мебошад назарҳо медодем. Саранҷом ба ин натиҷа мерасидем, ки беҳтаринашон ҳазрати Абубакр ва баъди ӯ Умар ибни Хаттоб ва баъди ӯ Усмон ибни Аффон ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин мебошанд”.

2- Шояд аз ҷиҳати ба халифагӣ ва ҷонишини Пайғамбар (с) мавсуф будани чаҳорёр ва лозим будани итоат карданашон,  ба зарурати дӯст доштани онҳо ишора карда чунин гуфта бошад.  Зеро дар ривояти “Сунани Абудовуд”  бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) ба пайравӣ аз суннати худаш ва суннати чаҳорёраш дастур дода чунин гуфтааст:

“عن الْعِرْبَاضَ بْنَ سَارِيَةَ عن الْعِرْبَاضَ بْنَ سَارِيَةَ  قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: فَإِنَّهُ مَنْ يَعِشْ مِنْكُمْ بَعْدِي فَسَيَرَى اخْتِلَافًا كَثِيرًا، فَعَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الْخُلَفَاءِ الْمَهْدِيِّينَ الرَّاشِدِينَ،تَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ،..». (كذا في سنن أبي داود -4/ 201)                         

“Ҳомоно ҳақиқат ин ҳаст, ки касе баъди ман зинда бимонад ихтилофҳои бисёреро хоҳад бидид. Дар чунин ҳолат бар суннати ман ва бар суннати халифаҳои ҳидоятшудаи рошидин чанг бизанед ва бо дандонҳоятон онро бигиред”.

Чуноне пушида нест пайравии матлуб аз суннати Пайғамбар (с) ва аз суннати халифаҳояш пайравии бо муҳаббат ва ихлос аст ва танҳо чунин пайравиро Аллоҳ таоло аз мо мепазирад. Пас ин пайравӣ дӯст доштани чаҳорёро, ки халифаҳои дар ҳадис омада онҳо мебошанд, лозим медорад.

Шайх Саъдӣ дар мавриди зарурати тақлид ва пайравӣ аз Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

Дар ин баҳр ҷуз марди доъӣ нарафт
Гум он шуд, ки дунболи роъӣ нарафт.
Касоне ки зин роҳ баргаштаанд
Бирафтанду бисёр саргаштаанд.

Хилофи Паямбар касе раҳ гузид
Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Маҳол аст Саъдӣ, ки роҳи сафо
Тавон рафт ҷуз дар пайи Мустафо.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣСалавоти Худо бар вай бод … (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣЧун Абубакру Умару Усмон … (Шарҳи Чоркитоб)