Фарқ дар байни ҳаҷи муфрад ва ҳаҷи таматтуъ – шарҳи Чоркитоб. Фарк дар байни хачи муфрад ва хачи таматтуъ – шархи Чоркитоб.
1- Ҳаҷи муфрадро ҳама карда метавонанд, валекин ҳаҷи таматтуъ ва қирон танҳо ашхосе мекунанд, ки сокинони атрофи масҷиди ҳаром набошанд.
Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ тамоми касоне, ки хонаҳояшон дар Макка ва атрофи он то минтақаҳои миқот, яъне маконҳои мушаххас ва муқараршуда барои иҳроми ҳаҷ бастан барои аз хориҷи Макка ояндагон аст, аз ҷумлаи сокинони атрофи масҷиди ҳаром маҳсуб мешаванд ва ҳаҷи қирон ва таматтуъ карда наметавонанд. Зеро Аллоҳ таоло баъди дастур доданаш барои тамом кардани ҳаҷу умра чунин гуфтааст:
{ذَلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ} (البقرة : 196)
“Ин (ҳаҷу умраро бо ҳам ё баъди ҳам ба итмом расонидан) барои касест, ки хонаводааш аз сокинони масҷиди ҳаром набошад”.
2-Бар ҳаҷи муфрадкунанда куштани ҳадя воҷиб нест ва бар ҳаҷи таматтуъкунанда воҷиб аст.
3-Бар ҳаҷи муфрадкунанда гирифтани рӯза дар ивази гусфандеро ҳадя накуштанаш воҷиб нест, зеро куштани ҳадя бар вай воҷиб нест ва рӯзаи дар ивази накуштани ҳадя ба тариқи авло воҷиб намебошад. Аммо агар ҳаҷи таматтуъ ва қиронкунанда гусфандеро ҳамчун ҳадя накушанд дар ивази он бояд се рӯз ҳангоми ҳаҷ ва ҳафт рӯзи дигар баъди баргаштанашон аз ҳаҷ дар хонаҳояшон рӯза бигиранд.
Дар ин мавзӯъ дар ояти 196 сураи “Бақара” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:
{فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَمِنَ الْهَدْيِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ تِلْكَ عَشَرَةٌ} (البقرة : 196)
“Ҳар касе аз умра қасди ҳаҷ бикунад бар ӯст, ки ҳар ончи муяссар аст аз ҳадя забҳ бикунад. Касе барои куштан ҳадя наёфт се рӯз дар ҳаҷ рӯза бигирад ва ҳафт рӯзи дигар вақте аз ҳаҷ баргаштан. Ин даҳ рӯзи комиле ҳаст”.


