“Титаник” аввалин киштии бузурги ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ихтирои он дар таърих бо фоҷеъа сабт гардидааст. Тарҳи онро муҳандиси бритонёи Томас Эндрюс соли 1909 ба нақша гирифта, ба сохтан мепардозад. Ҳангоми сохтани киштӣ 8-нафар ба ҳалокат расида, 246-тан коргар маҷруҳ мегардад, зеро ин киштӣ одӣ набуда, заҳмати зиёдеро талаб менамуд. Дарозии киштӣ 269,1 м, паҳноияш 28,19 м , баландии он 18,5 м буда, вазнаш бошад 46328 тоннаро ташкил медод.

Аввалин ҳаракати мусофирбарии киштӣ соли 1912 сурат гирифта, шаби 15-уми апрели соли мазкур ба садама дучор мешавад. Дар натиҷа аз 2208 мусофири киштӣ зиёда аз 1500 нафари он ба ҳалокат мерасад.
Мегӯянд, вақти бархурди киштӣ ба пирях дар уқёнуси Атлантика, муҳандис Томас Эндрюс дар утоқи ҷудогонае ба хоби роҳат буд. Ӯро капитан Эдвард Смит аз садама огоҳ мекунад. Томас нафарони зиёдеро ба киштиҳо шинонда, худ ба ҳалокат мерасад. Нафарони дигар иброз медоранд, ки “Титаник” тамоми орзуву умеди муҳандис буду чун дармеёбад, умри ихтироаш ба охир мерасад, барқаст худро ба ҷойи хатарноки киштӣ гирифта, нобуд мегардаду аз ҷасадаш нишоне намеёбанд.
Охирин мусофир ва шоҳиди воқеа , ки дар он вақт 2,5 сол дошт, дар синни 97-солагӣ, соли 2009 мефавтад.
Дар бораи Титаник, маълумот дар бораи киштии Титаник бо забони точики.



Кишти аз шаҳри Саутгемтон ба Ню-Йорк сафар кард.
Бехтарин