Дилатро хонаи Ман кун, мусаффо … (шеъри пурра)

0

Дилатро хонаи Ман кун, мусаффо карданаш бо Ман,
Ба Ман дарди дил ифшо кун, мудово карданаш бо Ман.

Агар гум кардаӣ, эй дил, калиди истиҷобатро,
Биё, як лаҳза бо Мо бош, пайдо карданаш бо Ман.

Бияфшон қатраи ашке, ки Ман ҳастам харидораш,
Биёвар қатраи ихлос, дарё карданаш бо Ман.

Агар дарҳо ба рӯят баста шуд, дил бармакан, боз о,
Дари ин хона дақ-ул-боб кун, во карданаш бо Ман.

Ба Ман гӯ ҳоҷати худро, иҷобат мекунам онро,
Талаб кун он чӣ мехоҳӣ, муҳайё карданаш бо Ман.

Биё қабл аз вуқӯи марг, равшан кун ҳисобатро,
Биёвар неку бадро ҷамъу минҳо карданаш бо Ман.

Чу хӯрдӣ рӯзии имрӯзи Моро, шукри неъмат кун,
Ғами фардо махӯр, таъмини фардо карданаш бо Ман.

Ба Қуръон ояи раҳмат фаровон аст, эй инсон,
Ба хун ин ояро тафсиру маъно карданаш бо Ман.

Агар умре гунаҳ кардӣ, машав навмед аз раҳмат,
Ту тавбаномаро бинвис, имзо карданаш бо Ман.

✍️ Жӯлидаи Нишопурӣ

Мақолаи қаблӣПадари таърих Ҳеродот дар бораи форсҳо
Мақолаи баъдӣҲар чӣ Ӯ гуфт он кунем ҳама … (шарҳи Чоркитоб)